Наврӯз чу омаду гули лола шукуфт,
Дил ҷӯш заду зи ишқ сад қисса
шукуфт.
Аз шавқи муҳаббату таманнои
зиёд
Якчанд сухан ба васфи Наврӯз
бигуфт.
***
Ҳар сол чу ояд ба Ватан фасли
баҳор,
Наврӯзӣ биёварад барори бисёр.
Аз файзи қудуми он ҳама шод
шавем,
Дар дида дигар намонад аз ғам
осор.
Озода чу навбаҳор мебояд буд,
Покиза чу чашмасор мебояд буд.
То роҳ наёбад ба диле ғам ҳаргиз,
Чун модари ғамгусор мебояд буд.
Муҳиддини Ятим,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр