Нашрияи Омӯзгор

Олим, муҳаққиқ, омӯзгор

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Профессор Шарифҷон Ҳусейнзода, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон, Муаллими хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон, 12-уми апрели соли 1907 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ба олам омадаанд. 

Барои аз худ кардани илм бо талошҳои зиёд дар мактаби куҳнаи пешазинқилобӣ маълумоти ибтидоӣ гирифта, маълумоти миёнаи нопурраро бо забони ӯзбекӣ соли 1923 дар Хуқанд гирифтаанд. Бо мақсади идома додани таҳсил ба Боку рафта, соли 1926 дар омӯзишгоҳи омӯзгории Боку бо забони озарӣ маълумоти миёнаи касбии омӯзгорӣ мегиранд. Маълумоти олии касбиро соли 1931 бо хатми факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна дар шаҳри Тошканд соҳиб гардидаанд. Муддате дар донишгоҳи мазкур дарс мегӯянд.

Шарифҷон Ҳусейнзода соли 1940 шуъбаи аспирантураи Донишкадаи забон ва адабиёти шаҳри Тошкандро хатм намуда, ба шаҳри Душанбе меоянд ва дар вазифаҳои устоди Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе (то соли 1947), мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики донишкадаи мазкур ва ҳамзамон ходими илмии шуъбаи тоҷикистонии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ кор кардаанд.

Соли 1947 ба вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, таърих ва бостоншиносии бунёди тоҷикистонии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ таъйин гардиданд. Баъди як соли роҳбарӣ ба вазифаи мудири сектори адабиёти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷики Академияи илмҳои Тоҷикистон таъин шуда, то соли 1958 дар ин вазифа кор кардаанд.

Шарифҷон Ҳусейнзода аз ҷумлаи яке аз нахустин омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд. То соли 1984 дар вазифаи мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷики  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон софдилона заҳмат кашида, ҳамзамон, аз рӯзи таъсисёбии донишгоҳ  аз адабиёти тоҷик ба донишҷӯён дарс гуфтаанд.

Ш.Ҳусейнзода дар таҳқиқи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ фидокорона заҳмат кашидаанд. Шахсият ва фаъолияти илмию омӯзгориашон мудом барои шогирдону ҳампешагон намунаи олии шарофатмандӣ, ростқавлӣ, покию поквиҷдонӣ, некбинӣ, ҷасорати илмӣ ва муборизаву талоши содиқона ҷиҳати таҳқиқу ҳифзи адабиёту фарҳанги миллии тоҷик будааст.

Мақолаву тақризҳои адабӣ ва танқидии устод, аз қабили “Мубориза дар ҷабҳаи адабиёти тоҷик” (1930), “Ба сӯйи ғалабаҳои нав” (1931), “Лоҳутӣ ва методи эҷодии ӯ” (1932), “Адабиёти шӯроӣ, ба пеш!” (1932), “Дар роҳи санъати бузурги сотсиализм” (1932), китоби “Назарияи адабиёт” (1936) ва ғайра дар солҳои 30-юми асри XX адабиётшиносии тоҷикро равнақ бахшидаанд.

Мавсуф солҳои 40 – 50-уми асри гузашта ҳамчун мунаққид ва адабиётшинос ба авҷи камолот расидаанд.

Ш.Ҳусейнзода соли 1953 дар мавзӯи “Адабиёти тоҷик дар асрҳои X-XV” диссертатсия ҳимоя намуда, дараҷаи илмии номзади илми филологиро ба даст овардаанд.

Нигоштаҳои устод дар чанд маҷмӯаи мақолоти ӯ, аз қабили “Баҳс ва андеша” (1964), “Гуфтор аз ганҷи сухан” (1985) ва “Ангезаи меҳр” (1988) ба табъ расидаанд. 

Рисолаҳои «Сухансарои Панҷрӯд» (1958), «Ҷалол Икромӣ» (1959), «Мақоми Ибни Сино дар шеъру адаби тоҷик» (1985) (бо ҳаммуаллифии  Х.Шарифов) аз рисолаҳои алоҳидаи устод мебошанд, ки ба таҳқиқу таҳлили симоҳои бузурги адабию фарҳангӣ ва фаъолияти эҷодии онҳо бахшида шудаанд.

Устод тавонистанд, ки дар ҳамкорӣ бо Н. Қаҳҳорова ва С. Асадуллоев девони Камолро дар ду ҷилд, мутаносибан дар солҳои 1983 ва 1985 ба нашр расонанд, ки қариб тамоми ашъори Камоли Хуҷандиро дар бар гирифтааст. 

Профессор Ш.Ҳусейнзода дар соҳаи адабиёт аз бунёдгузорони китоби таълимии мактаб дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Он кас дар ҳамкорӣ бо Ш. Ниёзӣ соли 1934 китоби «Адабиёт» барои синфи панҷумро таҳия ва нашр намуданд. Аз соли 1943 сар карда, бештар аз чиҳил сол китоби дарсии «Адабиёти ватан» барои синфи 7-ум, ки бо қалами Ш.Ҳусейнзода тааллуқ дошт, мавриди истифода қарор дода шуд.  Аз соли 1950 то соли 1982 дар сартосари кишвар омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик дар синфи ҳаштум аз рӯи китоби таҳиянамудаи Ш. Ҳусейнзода “Адабиёти тоҷик” ба шогирдон дарс гуфтаанд.

20-уми декабри соли 1988 дар 81- солагӣ қалби устоди зинданом Шарифҷон Ҳусейнзода аз тапидан бозмонд. Асарҳои илмиву оммавӣ, мақолаҳо ва нигоштаҳои устод номи эшонро зинда нигоҳ медоранд.

К. Каримов,

омӯзгори мактаби №10-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш