Адиби номдор, донандаи беҳамтои таърих ва адабиёти тоҷик, олими нуктасанҷ ва пухтакор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, барандаи чандин ҷоизаи бонуфуз, нависандае, ки аксари аҳли илму адаб баъди устодон Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода номи ӯро ба забон меоранд, Сотим Улуғзода дар рушди илму адаби миллат хидмати барҷаста кардааст.
Агар ба роҳи тайкардаи зиндагии адиб дақиқ нигарем, дар он лаҳзаҳои хотирмону таъсирбахшро зиёд дучор меоем.
Як саҳифаи ҷолиби зиндагиномаи устод Сотим Улуғзода ба солҳои 1925-1929 (даврони таҳсил дар Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд) рост меояд. Дар ин боргоҳи маърифат Сотим Улуғзода бештар аз ду сарчашмаи фарҳангӣ – яке китоб ва дигаре чеҳраҳои адабию фарҳангӣ баҳравар мегардад. Маҳз дар ҳамин ҷо ӯ бо Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Абдурауфи Фитрат ва олими шарқшиноси рус Михаил Степанович Андреев шинос мешавад ва аз онҳо меомӯзад.
Нависанда дар бораи вохӯрии нахустини худ бо олими шарқшиноси рус М.С. Андреев бо муҳаббат ёд мекунад. “Маро, - менависад адиб, - пешакӣ хабар дода буданд, ки «профессор Андреев омада бо шумоён суҳбат мекунад». Ҳамаи талабаҳо дар интизори вай дар ошхона ҷамъ шуда нишаста буданд.
Профессор ба хона дохил мешавад ва ба бачаҳо бо лаҳҷаи софи тоҷикӣ «ассалому алайкум, бачаҳо» муроҷиат мекунад. Пас, ӯ аз зиндагонии шоири бузурги тоҷик, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳикояҳои шавқовар намуда, шеъри «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён»-ро қироат мекунад. Инчунин, ривояти ба ин шеър нисбатдоштаро низ ба бачаҳо нақл мекунад, ки ба онҳо хеле писанд меояд.
Михаил Степанович дар бораи бузургони дигари халқи тоҷик ҳам ҳикояҳо мекунад ва афсӯс мехӯрад, ки тоҷикон ба сабаби садҳо сол дар қайди зулму торикӣ монданашон шоирон ва олимони бузурги худро дуруст намешиносанд ё ки фаромӯш кардаанд. Сипас, таъкид мекунад: – Аммо акнун шумоён бояд кӯшиш кунед, ки онҳоро зудтар шиносед ва шуҳрати онҳоро дар байни халқи худатон зинда гардонед. Онҳо ба тоҷикон дӯстдории илму маърифат ва санъатро ёд медиҳанд.
Ин чеҳраи фарҳангӣ, ки устод Сотим Улуғзода симояшро дар қиссаи «Субҳи ҷавонии мо» тасвир намудааст, дар охир таъкиди бисёр ҷолиб мекунад: «Агар одам халқи худро нағз нашиносад, бо вай нағз хизмат ҳам карда наметавонад». Ана ҳамин таъкиди М.С. Андреев, ки «Халқи худро шинос» мегӯяд, пояи илмӣ ва масъулияти донишпешагии нависандаро баланд месозад. Устод Сотим Улуғзода баъдан менависад: «Ман дар солҳои баъд таърихи халқи худро омӯхтам, ба эҷодиёти Рӯдакӣ, осори Хусрав ва арбобҳои дигари маданияти гузаштаамон шиносоӣ пайдо кардам, лекин олими рус, ки нахустин бор ба ман «Халқи худро шинос» гуфт ва худаш ҳам намунаи чунин шиносоӣ буд, як умр дар хотири ман монд...»
Ҳамин панди арзишманди ин шарқшиноси маъруф ва чаҳор соли таҳсил дар Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд адиби ояндаро бо манбаъ ва сарчашмаҳои илмиву адабие рӯ ба рӯ овард, ки минбаъд Сотим Улуғзода дар кори нависандагӣ ва таҳқиқи илмиву бадеии таърихи халқи худ ва чеҳраҳои шинохтаи он ҷиддӣ машғул гардида, ба комёбиҳои бузург ноил шуд.
Устод Сотим Улуғзода дар тӯли зиндагии ибратомӯзи худ натиҷаи омӯзиши амиқ, таҳлилу таҳқиқи таърихи пуршарафи миллати тоҷикро бо як андешаи солими баробарвазн бо панди профессори рус М.С. Андреев чунин ҷамъбаст намудааст: «Муроҷиат ба таърих муроҷиат ба имрӯзу фардои миллат аст».
Нависандаи таърихдон дурнамои адабиётро дар инъикоси воқеияти таърихӣ дида, дар эҷоди насри таърихии халқи тоҷик саҳми арзанда гузошт ва намоишномаҳои «Рӯдакӣ», «Темурмалик», «Қисмати шоир», «Алломаи Адҳам ва дигарон», «Ҷавонии ибни Сино», қиссаҳои «Ривояти суғдӣ», «Пири ҳакимони Машриқзамин», романҳои «Восеъ» ва «Фирдавсӣ» барин осори мондагори худро эҷод намуда, ба корномаи устод Садриддин Айнӣ пайваст ва шогирди арзандаю идомадиҳандаи кору пайкори Айнӣ будани худро собит намуд.
Умарбек ШАРИФОВ,
омӯзгори забон ва
адабиёти тоҷики
мактаби №13,
ноҳияи Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр