Дар қоимаи ҳайкали Айнӣ
Дар зери бори хотира пуштат хамидааст,
Аммо сарат зи фахр ба гардун расидааст.
Ҳар лолаи шукуфтае дар пои ҳайкалат
Хунест, к-аз ҷароҳати пуштат чакидааст.
Дар санги мақбараи Айнӣ
Хаёлманду мушавваш зи санг менигарӣ,
Ҳанӯз хотираҳои нагуфта бисёр аст.
Ҳанӯз мекашӣ озор андаруни лаҳад,
Ки захмҳои танат хунчакону хуншор аст.
Чу бурдӣ он ҳама захми замон ба зери замин
Замин чу пайкари захмии туст-афгор аст…
Иловакунӣ
Иловакунии фикр