Нашрияи Омӯзгор

Ғолибон қадрдонӣ мешаванд

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Аз раёсати маорифи ВМКБ хабар доданд, ки даври ҷумҳуриявии олимпиада аз фанҳои табиӣ-риёзӣ байни хонандагони синфи 11 ҷамъбаст гардид.

Анис Тоҳир аз мактаби №12-и ноҳияи Шуғнон, Сафоева Наврӯзмоҳ аз мактаби №32, ноҳияи Ишкошим аз фанни биология соҳиби ҷои аввал ва медали тилло шуданд.

Хонандагони синфи 11-и мактаби №56-и ноҳияи Шуғнон Нафасбекова Саида ва Шоҳинбек Паҳлавонбеков аз мактаби №21-и ноҳияи Ишкошим ва Умар Ширинҷонов хонандаи мактаби № 3-и ноҳияи Ванҷ бо гирифтани имтиёзҳои зарурӣ аз фанни физика соҳиби ҷои сеюм ва медали бринҷӣ шуданд.

Даври ҷумҳуриявии олимпиада аз фанҳои ҷамъиятшиносӣ (забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони давлатӣ, забони англисӣ, таърих ва ҳуқуқи инсон) низ дар шаҳри Душанбе баргузор ва ҷамъбаст гардид, ки дар он 10 нафар шогирди таълимгоҳҳои вилоят соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Ба ифтихори хонандагони ғолиб дар муассисаҳои таълимиашон чорабинии тантанавӣ баргузор шуда, ғолибон бо мукофотҳои пулию молӣ қадрдонӣ мегарданд.

 

Ҷ.ҚОЗИБЕКОВ,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш