Нашрияи Омӯзгор

“Алифбо” ва ифтихори миллии хонандагон

Сана: 2018-07-19        Дида шуд: 761        Шарҳ: 0

Яке аз асосҳои илмӣ-педагогӣ ва методии “Алифбо”-и имрӯза ягонагӣ ва ҳамоҳангии вазифаҳои таълиму тарбия ба шумор меравад.

Барои ҳамин таълиму тарбияи ҳаматарафаи талаба, аз як ҷониб ба омӯзгор вобаста бошад, аз ҷониби дигар, аз бисёр ҷиҳат ба мазмуну муҳтавои ҳамин китоби ҷаззобу ранга вобаста аст. Ба қавли муаллифи он, устод М.Лутфуллозода, «таълифи чунин китоб басо мушкил ва масъулияташ дар назди ҷамъият калон аст»

Ҳар шахсе, ки қадамҳои нахустини хешро ба даргоҳи илму маърифат - мактаб мегузорад, китоби “Алифбо” дари илму донишро ба рӯйи он боз карда, ӯро ба дунёи дониш мебарад ва ҳамчун китоби нахустини рӯйимизии мактабиёни хурдсол ба шумор меравад.

Аз таъриху фарҳанги куҳанбунёдамон маълум мешавад, ки халқи  тоҷик таърихан мардуми китобдор, китобдӯст, китобхон ва китобофар буду ҳаст.

Алифбонигорӣ таърихи тӯлонӣ дошта, вобаста ба шароит ва талаботи ҷомеа алифбоҳои гуногун рӯйи кор омадаанд, ки ҳар кадоми онҳо рисолати хешро дар таълиму тарбияи насли башар ба сомон расонидаанд.

Чуноне аз вожаи «алифбо» маълум мешавад, он аз ду ҳарфи аввали алфавити арабӣ “алиф” ва “бо” (дар талаффузи арабӣ “алифун”, “боун”) гирифта шуда, ба маъноҳои аввал, ибтидо, оғоз, нахуст, нахустин, якум, пеш аз ҳама, шурӯъ ва ғайра меояд. Агар мо инро дар таълиму тарбия алоқаманд намоем, пас чунин садо медиҳад. Аввал,  ибтидо,  оғози  меҳру муҳаббат,  дӯстию  рафоқат,  ростию дурустӣ, адлу инсоф, некию накукорӣ, навозишу меҳрубонӣ; оғози хондану навиштан, ба дунёи илму дониш ворид шудан, интихоби касб... ва ҳамаи ин аз “Алифбо” сар мешавад. Саҳифаи аввалини он бо акси зебою нуронӣ, табассуми ширину нигоҳи меҳрбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ба навомӯзи синфи як омӯзондани хушнависӣ, ҳамчунин дуои падаронаю некбинонаи ӯ:

“ Фарзанди  азизам!

Дар дастат китоби зебову хушранг ва пурмазмуни “Алифбо” аст. Ту аз  он хондану навиштанро ёд мегирӣ, ба дунёи илму фарҳанг дохил мешавӣ.

Орзумандам, ки бо таҳсили аъло ва ахлоҳу одоби хуб Ватани азизамонро бозҳам ободтару зеботар гардонӣ.

Хон, дониш  омӯз, фарзанди  азизам,  ки  бузургон  гуфтаанд  “Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад!” оғоз меёбад.

Воқеан ҳам, алифбо барои бачаҳои 7-сола мактаби ҳақиқии тарбия аст. Талабагон дар баробари омӯхтан, дониш гирифтан, ёд гирифтани хондану навиштан мактаби бузурги тарбияро мегузоранд ва ин худ ифодакунандаи ягонагии таълиму тарбия мебошад. Чуноне устод М. Лутфуллозода, қайд мекунанд, дар ин китоби зебою ранга 456 расм ҷой дода шудааст, ки онҳо дар баробари моҳияти таълимӣ доштанашон, инчунин аҳамияти тарбиявӣ низ доранд. Расмҳои дар китоб овардашуда мазмуннок буда, бо мақсадҳои маърифатию тарбиявӣ истифода шудаанд. Махсусан, расмҳои Нишон, Парчами миллӣ, китоби Конститутсия дар дили маъсуми талабагони хурдсол тарбияи ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳиро мепарварад.

Мо дар ин ҷо мехоҳем матни суҳбатро доир ба ин мавзӯъ аз китоби устод М. Лутфуллозода “Ҷойгоҳи унсурҳои нутқ дар Алифбо” пешниҳод намоем, ки аз аҳамият холӣ нест. Муаллим пас аз суҳбат аз рӯи расмҳо нақлашро ин тавр давом медиҳад:

“Бачаҳо, Ватани мо чӣ ном доштааст? (Тоҷикистон).

Офарин! Дар бораи Тоҷикистон кадом шеърро хонда будем? (Ватан). Хеле хуб. Ҳоло ҳамон шеърро ҳамаамон баробар мехонем.

Ватан аз дилҳо мебарорад

ғам,

Ватан одамро мекунад одам.

Болу пари кас Ватан мебошад,

Бахтовари кас Ватан

мебошад.

М.Миршакар

- Бачаҳо, мо гуфта будем, ки Ватани худро мисли модар дӯст медорем. Ба падару модарамон, ба калонсолон ёрӣ мерасонем, то Ватани ободи мо боз ҳам ободтар гардад. Дар Ватани мо халқҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Ҳамаи онҳо дӯстона, бародарвор кор мекунанд, фарзандонашон дар мактабҳо ҳамроҳ мехонанд. Ободии Ватани мо натиҷаи дӯстии халқҳост. Тарзи давлату давлатдорӣ, ғояи дӯстии халқҳо, вазифаю уҳдадории онҳо дар ҳуҷҷати тақдирсози давлатамон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфтааст, ки расми онро дар саҳифаи 6 - и “Алифбо” мебинед”.

Агар муаллифон масъалаи таъмини ягонагии вазифаҳои таълимию тарбиявиро дар давраи то алифбо ба воситаи расмҳои гуногуни алоҳидаю мазмуннок ба назар гирифта бошанд, пас дар давраи алифбо ин масъала бо тамоми маъно доман паҳн мекунад. Акнун омӯзгорону талабагон аз доираи маҳдуди расмҳо баромада ба суроғи калима, ҷумла ва матнҳои яклухт мераванд, ки ҳар як ҷумлаю матн чи аз ҷиҳати таълимӣ ва чи аз ҷиҳати тарбиявӣ аз аҳамият холӣ нестанд.

 

А. Ниёзов,

 мудири кафедраи МТИ- и

ДДҚ ба номи Носири Хусрав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш