Ҷаҳони муосирро бидуни компютер тасаввур кардан имкон надорад. Пас аз пайдо шудани компютер тағйироти куллӣ дар ҳаёти инсон ба амал омад ва имрӯз он дар ҳама соҳаҳо мавқеи муҳим дораду барои осонии кор кумак мерасонад. Мутаассифона, яке аз паҳнгаштатарин усули заҳролуд кардани майнаи наврасон бо ғояҳои экстремистию террористӣ ва ҷиноятҳои дигар зумрае аз бозиҳои компютерӣ ба ҳисоб мераванд, ки қобилияти ҷалбкунандагӣ дошта, ҳатто калонсолонро метавонад ба доми худ кашад.
Волидонро лозим аст, ки барои фарзандонашон бозиҳои муфиди компютериро интихоб намоянд, то онҳо вақташонро бо машғулият ба ҳар гуна бозии бемаънии даҳшатангез сарф накунанд. Равоншиносон ҳушдор медиҳанд, ки тамошои филму бозиҳои даҳшатангези компютерӣ ба асаби кӯдакон таъсири манфӣ расонида, онҳоро тарсончак ё баръакс сангдилу бераҳм месозад.
Дар як ҳафта ҳафт рӯз аз субҳ то шом ё нимаи шаб дар назди монитор нишастан касро аз ҷиҳати психологӣ ба компютер побанд мекунанд. Вобастагии компютерӣ низ ба мисли нашъамандӣ ва шаробхурӣ як навъ беморӣ буда, барои аз он халос шудан ба равоншинос муроҷиат намудан лозим меояд.
Барои он ки компютер ба саломатӣ ва рӯҳияи фарзандон таъсири манфӣ нарасонад, дар курсии компютер нишастани онҳоро волидон ҳатман зери назорат бояд гиранд. Кӯшиш бояд кард, ки фарзандонатон танҳо дар вақти муайян сари компютер нишаста, бо бозиҳои безарар машғул шаванд ва аз компютер маълумотҳоеро бигиранд, ки барои омӯхтани илму дониш ва васеъ кардани ҷаҳонбиниашон заруранд.
Бахтиёр Иброҳимов,
муаллими кафедраи фанҳои дақиқ
ва техникии коллеҷи милитсияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Муҳаммад Шарифзода,
лейтенанти милитсия
Иловакунӣ
Иловакунии фикр