Нашрияи Омӯзгор

Ақли солим дар тани солим

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Аз оғози таҳсил дар мактаб омӯзгор бояд дар қатори масоили дигар ва ҳамбаста ба таълиму тарбия ба саломатии хонандагон диққати ҷиддӣ зоҳир намояд. То кадом дараҷа шогирдони мо дар таҳсил муваффақ мешаванд, аз ҷумла, ба вазъи солимии онҳо вобастагии амиқ дорад.

Хонандагони синфҳои ибтидоӣ барои ҳифзи тансиҳатии худ бояд ҳамеша ба тозагӣ риоя намоянд, мунтазам шустушӯ кунанд, муҳиташонро тозаю озода нигоҳ доранд. Як омили хеле муҳимми таъмини саломатии шогирдон он аст, ки онҳо бояд дар бораи ҷисми худ маълумоти кофӣ дошта бошанд ва донанд, ки кадом узви баданашон чӣ вазифае дораду барои бенуқсону хуб иҷро кардани ин вазифааш бо он чӣ гуна муносибат бояд кард. Масалан, хонандагони зинаи аввали таҳсилот дар бораи яке аз узвҳои ҳаётан муҳимми инсон – чашм чиро бояд донанд? Пеш аз ҳама, онҳо бояд донанд, ки чашм узви  хеле нозук ва пураҳмияти бадани одам буда, олами атрофро инъикос менамояд, таъмингари ҳаракати озоди шахс аст. Чашм иттилои фаровоне аз олами беруна дармеёбад ва ба мағзи сар равона мекунад. Чашм қодир аст, ки беш аз даҳ миллион ранги гуногунро шиносад ва тафовут бахшад. Нуре, ки дохили чашм мегардад, танзим мешавад. Чашм низ дорои мушакҳо мебошад ва онҳо ба тарафҳо равона кардани нигоҳро танзим менамоянд. Маъмулан, танҳо қисмати пеши кураи чашмро дидан имконпазир аст, боқимондаи он дар косахонаи сар ниҳон мебошад. Чашмро бояд аз зарба, чангу хок, дуд, шуои шадиди офтоб ва аз хасташавӣ эмин нигоҳ дошт. Яке аз омилҳои асосии эҳтиёт кардани чашм ва таъмини бехатарии он дуруст хондани китоб ва дуруст тамошо кардани телевизор мебошад. Китобро ҳангоми хондан аз чашм дар масофаи муайяншуда нигоҳ бояд дошт, дароз кашида ва рӯболо хондани китоб ба чашм зиёновар аст. Пас аз ҳар фосилаи муайяни вақт дар давоми китобхонӣ ба чашм имкони истироҳат кардан бояд дод. То ин ки чашмон солиму неруманд бошанд, риояи реҷаи хоб зарур аст. Дар вақти кор бо компютер чашм бештар зери хатар аст. Ҳар як  корбар бо ин дастгоҳ бояд аз қоидаҳои маъмули бахш огаҳии комил дошта бошад.

Чашмро аз  кӯдакӣ бояд эҳтиёт кард, зеро он таъмиргари хушбахтии ҳар фард дар тамоми умр аст.

Дар «Гӯшаи саломатӣ»-и ҳар синф бояд маълумоти муҳим оид ба чашм (бо аксҳо) мавҷуд бошад.

Ҳамин тавр, хонандагони зинаи аввали таҳсилот дар бораи узвҳои дигари ҳаётан муҳимми бадани худ бояд маълумоти зарурӣ дошта бошанд. «Ақли солим дар тани солим аст», - мегӯянд. Қоидаҳои солимӣ ва риояи онҳо аз воситаҳои асосии таъмингари комёбиҳои шогирдон дар ҷараёни таълиму тарбия хоҳад буд.

Ҳамин нуқтаро низ бояд таъкид намоем, ки  нақли омӯзгор дар бораи узвҳои бадан бояд саҳеҳу ҷолиб ва фаҳмо бошад, хонандагонро ҷалб карда тавонад, онҳоро водор намояд, ки ба таъмини вазъи солимии аъзои баданашон бо камоли майл рафтор кунанд.

Фотима Зафарова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №4, ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш