Нашрияи Омӯзгор

Рушди футбол таваҷҷуҳи бештар мехоҳад

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 767        Шарҳ: 0

 

Дастовардҳои ахири дастаи мунтахаби футболи навҷавонони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи “Ҷоми Рушд-2021” дар Беларус ва  ширкати фаъолонаи он дар мусобиқаи байналмилалӣ барои “Ҷоми ҷаҳонӣ” дар Қатар хушҳолкунанда буда, ба аввалин гулҳои дар ҳоли шукуфоии баҳори футболи миллӣ Тоҷикистон мемонад ва умед ба ояндаи неки онро бештар мекунад. Аммо ҳамон гуна, ки зарбулмасали маъруф мегӯяд, бо як гул баҳор намешавад.

Футболи мо бо вуҷуди дастгириҳои ҳамаҷонибаи  ҳукумат  мушкилот ва чолишҳои  сирфан  ҳирфавии худро дорад. Ҳаллу фасли  ин мушкилоту чолишҳо хоҳу нохоҳ пурсиши маъмулии “Чӣ бояд кард?”  - ро пеш меорад.

Посухи ин пурсишро аз баъзе аз мухлисону дӯстдорони футбол ва дастандаркорони ин риштаи варзиш ҷӯё шудем.

Султонвалӣ  Султонов, мухлиси футбол: - Дар маҳалҳо мусобиқаҳои футбол оммавӣ нагаштааст, яъне ба таври бояду шояд сурат намегирад. Аз ин рӯ, созмонҳои ҷавонон дар маҳалҳо ба рушди футбол ва дигар намудҳои варзиш бояд аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Кадом кӯдаки тоҷик намехоҳад, ки футболбоз шавад? Бисёриҳо мехоҳанд, вале истеъдоду қобилияти матраҳу машҳур шудан дар ин риштаро на ҳар кас дорад. Бисёре аз кӯдакону наврасон лавозими бозиро дастрас мекунанд, вориди майдон мешаванд ва бо тамоми қувва аз паси тӯб медаванд, аммо ба натиҷаи зарурӣ намерасанд. 

Бояд дар ҳайати роҳбарии лигаи миллии футболи кишвар тренер - селексионерон фаъолият карда, ба минтақаҳо сафар намуда, бачаҳои боистеъдодро ёбанд ва барои тарбияи минбаъдаи онҳо шароит муҳайё созанд.

Илҳом Баротов, футболбоз: - Бозигарони мо то ба синни 18 хуб машқ карда, малака ва нозукиҳои футболро аз бар намуда, ба  ин ё он дастаҳои футбол  пазируфта мешаванд. Ба сабаби  нокифоятии маош, ки танҳо барои рӯзгузаронӣ мерасад, касби дигареро интихоб мекунанд, ё  ба хондан мераванд ва  ё  дар тимҳои кишварҳои дигар бозиро идома медиҳанд. Парвиз Умарбоев дар ҳайати яке аз тимҳои Булғористон, Даврон Эргашов дар тими “Бунёдкор” ва Эҳсони Панҷшанбе дар дастаи “Навбаҳор”-и Ӯзбекистон  бозӣ мекунанд.

Ғайюр Ғайюров, мураббии дастаи наврасон: - Ҳукумати шаҳру ноҳияҳо аз маблағузорӣ  ва ҳавасманд намудани мураббиёну бозигарон аксаран канорагирӣ мекунанд. Бештари бозиҳои футбол ва мусобиқаҳои сатҳи маҳаллӣ аз ҳисоби дӯстдорони футбол барпо мешаванд. Дар бисёре аз ноҳияҳои кишвар клуб ва мактабҳои доимоамалкунандаи футбол вуҷуд надорад, то футболбозон пайваста машқ кунанд.

Аксари аз бозингарон бидуни огаҳӣ  аз техника ва қоидаҳои футбол ба  бозӣ ворид шуда, бештари вақт боиси бардоштани осебҳои сангини бозигарони тими рақиб мегарданд.

На дар ҳама минтақаҳо майдонҳои варзишӣ мутобиқи стандартанд, ки ин ҳам ба омодасозии футболбозон бетаъсир намемонад.

Футбол кайҳо марзи мамлакатҳоро убур карда, ба бозии  фаромиллӣ табдил ёфтааст. Барои варзиш, ба вижа футбол, мансубият ба ин ё он қавму нажод ва халқияту миллат бегона буда, қобилияту маҳорат ва касбият муҳим аст. Барои аз байн бурдани зуҳуроти монеъасозӣ дар роҳи рушди футбол бояд дастандаркорони футболи миллӣ роҳҳои ҳалли ин муамморо пайдо намоянд. Хуб мешуд, аз хориҷи кишвар мураббиёни пухтакор ва беғаразро  ба кор даъват намоянд, то дар радифи дигар иқдомот дар ҷустуҷӯи ва кашфи истеъдодҳо низ ширкат кунанд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол ба футболи сатҳи бай-налмиллалӣ эҳтиёҷи ҷиддӣ дорад. Хушбахтона, ин чизро ҳукумати мамлакат хуб дарк кардааст. Барои кишваре, ки рушд ва тараққиёти худро дар ҷаҳонгардӣ мебинад, ин навъи варзиш метавонад кори садҳо дастгоҳу расонаҳои рекламавиро анҷом диҳад.

Футболи бузург дипломияти забони  вижа аст, ки аз сулҳу сафо, осоиш, тансиҳатӣ, таҳамулпазирӣ, эҳтирому муҳаббати байни миллатҳо ва қавму халқиятҳо пуштибонӣ мекунад. Тоҷикистони соҳи-бистиқлол  низ эҳтиёҷ ба чунин дипломатия дорад.

 

Неъмати Неъматзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш