Нашрияи Омӯзгор

Ба муҳити зист бетараф набошем

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Экология аз соҳаҳои хеле муҳими замони мо ба шумор рафта,  он ба саломатӣ ва тарзи ҳаёти инсон сахт вобастагӣ дорад. Мутаассифона, аксар вақт ба муҳити зист бепарвоем ва  онҳоеро, ки ба қонунҳои табиат бепарвоӣ мекунанд, намегӯем, ки ин рафторашон нодуруст аст.

Ҳарчанд  дар ин масъала як қатор қарору қонунҳо низ ба тасвиб расидаанд, вале боз ҳам ҳамон беҳурматӣ ва якравиамон нисбат ба муҳити атроф эҳсос мегардад.

Об ҳам аз ҷумлаи сарватҳои зарурии  табиат аст. Дар моддаи 44 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст: «Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст». Аз ин хотир, бояд ҳар як шаҳрванд барои сарфа намудан ва тоза нигоҳ доштани ҳар қатраи об саҳми худро гузорад. Обҳои маъдание, ки дар як қатор мавзеъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд доранд, имкон медиҳанд, ки мо бо истифода аз онҳо саломатии худро хуб нигоҳ дорем. Дар баъзе аз ҷумҳуриҳои собиқ  иттиҳод, масалан, дар мавзеъҳои Часалбудаи Гурҷистон ва Четиосойи Қирғизистон обҳои маъдании ҳарораташон паст вуҷуд доранд, барои ҳамин ҳам, аз дигар ҷойҳо ба саразмини мо барои муолиҷа меоянд. Дардмандон барои шифоёбӣ ба чашмаҳои маъдании мо – Обигарм, Хоҷа Обигарм ва ғайра меоянд, ки ин боиси ифтихори мо, тоҷикон ҳам ҳаст.

Ҳанӯз ҳазор сол пеш аз ин Шайхурраис  Абӯалӣ ибни Сино дар асари худ «Ал – қонун» навишта буд, ки обҳои маъданнок барои табобати бемориҳое, ки дар натиҷаи хунукию намнокии миҷоз пайдо мешаванд, барои рафъи бемориҳои пайвандҳо, зиққи нафас ва гурдаҳо истифода мешаванд. Онҳо дуруст шудани устухонҳои шикаста ва захмҳоро метезонанд, боди шикамро кам мекунанд. Оби маъданноки гӯгирддор (сулфурдор) асабҳоро ором, шиддати дардро паст намуда, захму доғҳои пӯстро шифо мебахшад, мубодилаи моддаҳоро дар пайвандҳо, ҷигар, испурч,   беҳтар намуда, меъдаро тақвият мебахшад. Албатта, ҳамаи ин суханони Абӯалӣ ибни Сино ба  чашмаҳои  шифобахши Обигарми Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меоянд. Бинобар ин, ҳар як омӯзгор метавонад, ки дар бораи чашмаҳои маъдании ноҳияи худ ё наздикии онҳо, дар бораи муносибати эҳтиёткорона нисбат ба онҳо  ба шогирдон бештар маълумот диҳад, ки он як намуди асосии фаҳмондадиҳӣ оид ба аҳамияти об, хусусан,  чашмаҳои шифобахш баҳри табобати инсон мебошанд. Вазифаи мо, омӯзгорон, аз он иборат аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ, табиатшиносӣ, экология, биология, химия  ва монанди инҳо  хонандагонамонро ба дӯст доштани табиат ва боигариҳои он талқин намоем.  

 

Омина АБДУЛХАЙРОВА,

Мамарасул АМОНБОЕВ,

омӯзгорон, шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш