Бо пешрафи техникаву технологияи замонавӣ журналистика низ рушду такомул меёбад ва жанрҳои нав ба вуҷуд меоянд, ки аз муҳаққиқону олимон шарҳу тавзеҳ ва фаҳмонидани раванди омода намудани барномаҳои мутобиқ ба ин жанрҳоро тақозо мекунад. Яке аз жанрҳое, ки имрӯз дар телевезионҳои ҷаҳон фарогир аст ва тамошобинони зиёд низ дорад, ток-шоу мебошад. Он дар телевизионҳои Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад. Китоби нави номзади илмҳои филологӣ Зинатуллоҳ Исмоилзода «Ток-шоу дар телевизион» унвон дорад, ки дар он марҳалаҳои тайёр намудани ин гуна барномаҳо нишон дода шудааст. Шоу маънии ҳангомаву бозиву шӯру мағалро дорад, ки онро ток-шоу низ меноманд. Муаллиф дар такя бо асарҳои илмӣ ва таҷрибаи фаъолият дар телевизион муҳиммияти омода намудани барномаи ток-шоу дар телевизионро баррасӣ кардааст. Гарчанде то ҳанӯз олимони тоҷик, аз ҷумла, профессор И. Усмонов ток-шоуро дар радифи жанрҳои публитсистӣ қарор намедиҳанд ва таъкид медорад, ки «дар он эҷоди журналистӣ ҷой надорад», аммо З. Исмоилзода ток-шоуро ба гурӯҳи жанрҳои публитсистӣ - бадеӣ дохил менамояд: «Азбаски дар он ҳунари бадеӣ ва дигар унсурҳои ҷолибсози афкор истифода мешавад, онро ба гурӯҳи жанрҳои бадеӣ дохил кардан мумкин аст. Бояд гуфт, ки асоси ин жанрро таҳлилҳои парешон, вале самтдоштаи иштирокдорони барнома ташкил медиҳанд».
Ток-шоу аввалин бор дар ИМА ба вуҷуд омадааст ва ҷавонтарин жанри журналистика мебошад. «Чанд даҳсола қабл бо пешниҳоди журналист Фил Донахю ток-шоу дар телевизион роҳандозӣ шудааст. Баъд аз шоу-барномаи Донахю садҳо барномаҳои ток-шоу сохта шуданд ва бо усулҳои гуногун ба бинанда пешниҳод гашта, қолабҳои нав ба навро касб менамуданд».
Дар идома тарзи таҳияи барномаи ток-шоуро аз омодагии эҷодӣ ва техникӣ медонад. Омодагии эҷодиро ба марҳалаҳои интихоби мавзӯъ, интихоби ҳамсуҳбат, интихоби иштирокдорон, таҳқиқи мавзӯъ, интихоби коршиносон ҷудо намуда, ҳар яки онҳоро шарҳу тавзеҳ бахшидааст. Дар марҳилаи омодагии техникӣ бошад, интихоби ҷойи сабт, ҷо ба ҷогузории камераҳо, микрофон, субтитр ва титрҳо ва сабти ток-шоу радабандӣ кардаву зина ба зина ҳар яки онҳо фаҳмонда шудааст.
Воқеан, забони китоб содаву фаҳмост ва муаллиф ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳаи телевизион ба хонанда сухан мегӯяд. Дар китоб барои беҳтар намудани барномаҳои ток-шоу дар телевизионҳои кишвар пешниҳодҳои арзишманд ироа шудааст, ки истифодаи онҳо ба беҳтар гардидани ин гуна барномаҳои мусоидат мекунанд.
Ба таъкиди муаллиф, «Имконияти шоу – барнома он аст, ки бо хусусияти оммавии баланд ҷаҳони ботинии бинандаро дигар менамояд. Нуқтаи назарро тағйир медиҳад, шавқро барои омӯзиш бедор менамояд ва муҳаббату нафратро нисбат ба як тамоюл бедор менамояд. Дар ин жанр низ рукни воқеият матраҳ мебошад ва шоуи телевизионӣ вобаста ба донишу ҷаҳонбинии муаллифи он манбаи эътимоди таъсир ба афкори иҷтимоӣ ба шумор меравад».
Дарвоқеъ, китоби «Ток-шоу дар телевизион» ҳамчун дастури таълимию методӣ дар бораи қадамҳои асосии омода намудани ток-шоу дар телевизион меълумоти муфассал дода, барои кормандони ҷавони шабакаҳои телевизионии кишвар, донишҷӯён ва муҳаққиқони соҳаи журналистика судманд мебошад.
Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр