Нашрияи Омӯзгор

Самараи заҳмату ранҷҳо

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Устоди соҳиблаёқату пуртаҷриба Ислом Иноятов 24 сол мешавад, ки ба шогирдон аз физика дарс мегӯяд ва муаллифи китоби «Маҷмӯаи ҳалли  масъалаҳо аз фанни физика» мебошад.

Китоби мазкур  ҳа-маи қисмҳои физикаро дар бар мегирад. Масъалаҳо бо забони содаю равон  аз сода ба мураккаб пешниҳод  ва ҳал карда шудаанд. Бартарии дигари китоб дар он аст, ки шарти масъалаҳо бо ду забон пешниҳод карда шудаанд, бинобар ин, аз он ҳам хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии забони таҳсилашон тоҷикӣ ва ҳам забони таҳсилашон русӣ метавонанд истифода намоянд. Аз китоби мазкур, инчунин, онҳое, ки фанни физикаро мустақилона аз худ карданӣ ҳастанд, метавонанд истифода кунанд… Китобро дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров, дар кафедраи «Физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физика»-и факултаи физикаю техника дотсентони кафедра Ш.Шерматов ва Н.Умаров хонда, онро саривақтӣ ва дархӯри мактабҳои ҷумҳурӣ ҳисобидаанд. Олимони номбурда дар бораи муҳим будани китоби устод И.Иноятов андешаронӣ намуда, таъкид кардаанд: «Маълумотҳое, ки дар дастур оварда шудааст, барои дар сатҳи зарурӣ дарк  кардани  ҳодисаҳои физикӣ ва ҳалли масъалаҳо аз ин фан барои хонандагону донишҷӯён кумак мерасонад. Дар шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон китоби «Маҷмӯаи ҳалли масъалаҳо аз физика» аз даст ба дасти кормандони он мегашт ва эшон аз чопи чунин китоб хушҳолии худро пинҳон дошта наметавонистанд. Мудири шуъбаи маориф Н.Мирзоев  ба муаллиф миннатдории худро  баён намуда, иброз доштанд, ки ҳангоми баргузор намудани машғулиятҳои таълимӣ китоби шумо ҳамчун адабиёти иловагии ёрирасон кори  омӯзгорону хонандагонро аз фанни физика осон мегардонад. Бахусус, маълумотҳое, ки дар  дастури таълимии шумо ҷамъ оварда шудаанд, барои беҳтар аз худ кардани мавзӯъҳои физика мусоидат мекунад…»

Ниҳоят, устод Ислом Иноятов китоби «Маҷмӯаи  ҳалли масъалаҳо аз фанни физика»-ро қабл аз нашр намудан ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ пешниҳод кард. Мудири шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди вазорат Б.Нодиров баъди ба таври муфассалу мӯшикофона хондани дастур пешниҳоди онро барои истифода дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ муҳим ҳисобида, дар тақризи таълифнамудааш, зимнан қайд мекунад, ки «дастури мазкур натиҷаи заҳмати чандинсолаи муаллим Ислом Иноятов буда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон, довталабони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, донишҷӯён, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм» эълон шудани солҳои 2020-2040» таҳия гардидааст. Дастури таълимии пешниҳодгардида дар амиқу ҳаматарафа азхудкунии ҳодисаҳо ва  қонуниятҳои физикӣ, мустақилона ҳал карда тавонистани масъалаҳои физикӣ, баланд бардоштани дониш, ташаккули маҳорату малака ва инкишофи қобилияти фикрронии хонандагон мусоидат хоҳад кард…» Воқеан, дастури таълимии устод Ислом Иноятов аз 17 боб иборат буда, дар он доир ба мавзӯъҳои кинематика, динамика, қонуни бақо, лаппишҳо ва мавҷҳои механикӣ, физикаи молекулавӣ, асосҳои термодинамика, майдони электрикӣ ва магнитӣ намунаи ҳалли масъалаҳо  пешниҳод карда шудааст. Инчунин, дар китоб оид ба мавзӯъҳои ҷараёни доимӣ, индуксияи электромагнитӣ, лаппишҳои электромаг-нитӣ, мавҷҳои  электро-магнитӣ, атом ва ядро масъалаҳои гуногун пешниҳод ва ҳал карда шудааст.

Ба нашр расидани китоби омӯзгори гимназияи рақами 1-и ба номи академик Б.Ғафурови шаҳри Истиқлол Ислом Иноятов таҳти унвони «Маҷмӯаи ҳалли масъалаҳо аз физика» воқеаи хурсандибахш буда, зарур аст, ки он ба  тамоми таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ интиқол дода шавад, то ба  омӯзгорони фанни физика дар ҳалли масъалаҳо аз ин фан мусоидат намояд.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш