Нашрияи Омӯзгор

Як ҳафтаи хотирмон

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» яке аз чорабиниҳои муҳимми фарҳангӣ оид ба тарғиби китоб ва ҷалби васеи кӯдакону наврасон ба хониши он ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, тибқи нақшаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-9-уми апрели соли равон бо иштироки аҳли илму адаб  Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Хуҷаста бод Истиқлол!» гузаронида шуд. Қисмати ҷамъбастии он 7-уми апрел дар Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, ки дар он директори Китобхонаи вилоятии бачагона  Фаррух Бурҳонов, сардори раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб Қадамшоҳ Ҳакимзода, сармутахассиси раёсати фарҳанги минтақаи Кӯлоб Сарахон Бозорзода, директори китобхонаи вилоятӣ ба номи Садриддин Айнӣ Саймуҳаммад Обидзода иштирок ва суханронӣ карданд. Иштирокдорони фестивал соҳиби мукофотҳо гардиданд. 

Саодат АБДУЛҲАКИМЗОДА


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш