Нашрияи Омӯзгор

Дониш рӯшангари дилҳост

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Дониш дили одамро мисли чароғ равшан мекунад. Инсони донишманд дар печутоби зиндагӣ бо донишу илме, ки дорад, дар ҳалли ҳама гуна мушкилиҳо пирӯз мешавад, ба касе муҳтоҷу зор намегардад. Дониш ба мисли ҷавшанест дар тани одам, ки ӯро аз тамоми бадиҳо муҳофизат менамояд.

Бинобар ин, ҳар яки мо – инсонҳо талош мекунем, ки илму дониш омӯзем ва ба воситаи он дар ҷомеа обрӯманду соҳибмартаба гардем. Ба Ватани азизамон хидмат кунему дар рушду ободии он саҳми назаррас гузорем. Агар илму дониш, фаҳмишу биниш надошта  бошем, мутахассиси хуби соҳаи хеш набошем, пас, чӣ тавр ва бо кадом роҳ метавонем хидмат кунему кишвари худро ба яке аз давлатҳои пешрафтаи дунё мубаддал созем? Бешубҳа, ҳамаи ин ниятҳои некамон он замон амалӣ мешаванд, ки мо донишманду босавод ва мутахассиси хуб дар ин ё он бахш бошем. Ҳамчунин, ба ҳайси волидони масъулиятшинос барои босаводу донишманд ва донандаи хуби соҳаи хеш тарбия намудани фарзандони хеш бояд тамоми талошро ба харҷ диҳем. Ба раванди илмомӯзию донишазхудкунии ҷигаргӯшаҳоямон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, дар замирашон меҳру муҳаббати китобхонию китобдӯстиро бедор намоем.

Пӯшида нест, ки сарчашмаи  асосии илму дониш китоб мебошад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ пайваста насли наврасро ба китобхонӣ ва китобдӯстӣ даъват менамоянд. Эълони баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» яке аз иқдомҳои олии Сарвари хирадманди давлатамон мебошад, ки боиси боз ҳам бештар рӯ ба мутолиаи китоб овардани хонандагону омӯзгорон, балки кулли ҷомеа гардид...

 Ҳама навъи донишро инсон аз китоб гирифта, онро бо ақлу заковати хеш сайқал медиҳад ва баҳри беҳбудии рӯзгори худ ва пешравии ҷомеа истифода менамояд. Боэътимодтарин василае, ки инсонро ба қуллаҳои баланди эҷодӣ ва фаъолият мебарад, дониш аст. Барои инсон бояд донишомӯзишӣ вақту ҳудуди муайян надошта бошад, ҳар лаҳзаи ҳаёташ бояд ӯ илми наве омӯзад, зеро ки тараққиёту илму техника имрӯз суръати кайҳонӣ гирифтааст. Дар тамоми давру замон шахси донишманд мавқеи худро меёбад, соҳиби иззату эҳтиром мегардад ва барои ҷомеа шахси зарурӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳақиқат, дониш раҳнамо ва нурбахши зиндагии мо-инсонҳост. Аз ин рӯ, моро мебояд рӯ ба китоб ва китобхонӣ оварем, то ба мавқею манзалати азалии худ  соҳиб гардем.

Зарафшон Шодиев,

омӯзгори мактаби №20,

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш