Нашрияи Омӯзгор

Тарбияи фарзанд бар дӯши кист?

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 818        Шарҳ: 0

 

Ҳеҷ як падару модар намехоҳад, ки фарзанди ноқобил ба воя расонад. Волидайн аз лаҳзаи ба дунё омадани фарзанд то давраи ба камол расидани ӯ кӯшиш мекунанд, ки барои дар ҷодаи нек тарбия ёфтани фарзандашон саҳм бигиранд. Аммо омилҳои дигаре низ мавҷуданд, ки барои ба амалҳои ношоиста даст задани наврасон замина мегузоранд. Фориғболии волидайн, сатҳи пасти зиндагӣ, муҳити носолими оилавӣ, мувофиқат накардани рафтору гуфтори падару модар дар оила аз ҷумлаи ин омилҳо ба шумор мераванд. Мутаассифона, дар бештари оилаҳои имрӯза вазифаи тарбияи фарзанд пурра ба дӯши модар вогузор шудааст, ки ин қобили қабул нест. Дар тарбияи фарзанд ва бунёди оилаи солим марду зан вазифаи баробар дошта, бетарафӣ нисбат ба масъулияти худ ба поймол намудани ҳуқуқҳои ҳамдигар ва номустаҳкамии оилаҳо оварда мерасонад. Тарбияи дуруст ва ба ҷодаи неки зиндагӣ ҳидоят намудани фарзанд аз муносибати хуби волидон дар оила сарчашма мегирад.

Дар тарбияи фарзанд ҳеҷ як модару падар дар танҳоӣ аз уҳдаи он бо сарбаландӣ баромада наметавонанд. Одобу ахлоқи нек ва рафтори намунавии волидайн низ дар тарбияи фарзанд таъсири худро мегузорад. Муносибати дӯстонаи ҳамсарон ва муҳити комилан ороми оилавӣ барои ба дунё омадани тифли рӯҳану ҷисман солим омили мусоид ба шумор мераванд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳар як хатои кучаки волидон метавонад дар ҳаёти минбаъдаи фарзанд таъсири манфии худро гузорад. Барои кӯдакон падару модар, хешу табор, мураббӣ, муаллимон ва ҳатто ҳамсояҳо низ шахси идеалӣ шуда метавонанд. Масалан, нафаре бо хулқу атвори неки худ дар дили фарзанд ҷой гирфтааст ва кӯдак ҳамеша кӯшиш мекунад, ки дар амалҳои ҳаррӯзааш ба ӯ тақлид намояд. Фарзандонро мебояд бо истифода аз дастуру адабиёти лозима ҷаҳони маънавии хешро ғанӣ гардонида, бо афкори тозаву ҷолиби худ ояндасози кишвари азизамон бошанд.

Дар самти тарбияи дурусти фарзанд бояд миёни оила, боғча ва мактаб робитаи зич мавҷуд бошад.

Чун аз оилаву боғча сухан рондем, набояд фаромӯш кард, ки бозӣ низ дар мавриди худ ба тағйирёбии рафтору кирдори кӯдак бетаъсир намемонад, зеро рафти бозӣ дар инкишофи ҷисмонӣ ва равонии кӯдакон тағйиротҳои муҳимро ба вуҷуд меорад. Тарбияи одоб дар рафти бозӣ ба ташаккулёбии хислати нек, бо ҳамсолонаш муносибати хайрхоҳона доштани кӯдакро пешбинӣ намуда, ҳангоми бо дигар кӯдакон бозӣ кардан, тарзи муносибат ва муоширатро ёд мегиранд, ки ба ташаккули сифатҳои маънавӣ – ахлоқии онҳо мусоидат мекунад.

Омӯзгор бояд бо меҳрубониву ширинсуханӣ, ҷиддият ва ростқавлии хеш диққати кӯдаконро ба худ ҷалб намуда, машғулиятҳоро тавре гузаронад, ки дар кӯдакон эҳсоси хастагӣ пайдо нашавад. Мунтазам тафтиш кардани рӯзнома ва дафтари хонандагон аз ҷониби волидон дар кӯдакон шавқи дарсхониро афзуда, ҳангоми анҷом додани ягон амали нек аз ҷониби атрофиён таҳсину офарин шунидан низ ба кӯдак рӯҳу илҳом мебахшад.

 

Ҷамила Маҷидова,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №14, ноҳияи

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш