Нашрияи Омӯзгор

Забон пайвандгари наслҳост

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Китоби дуюми “Забони миллат – ҳастии миллат”-и Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  саргузашту сарнавишти забони модарии моро аз замони истилои муғул  (асри XIII) то суқути сулолаи Манғитиён дар Осиёи Миёна  ва эълон гардидани Бухоро ҳамчун Ҷумҳурии Халқии Бухоро (соли 1920) дар бар мегирад.  Асари мазкур аз ҳафт боб иборат буда, ҳар кадом  боби он аз мавзӯъҳои  алоҳида иборат аст.  

Масалан,боби аввал, ки “Забони тоҷикӣ ва санҷиши замон” ном дорад, моро аз  саргузашту  сарнавишти тоҷикон, забони онҳо дар замони истилои муғул, муборизаҳо  ва ҷоннисориҳои мардуми тоҷик  барои ҳифзи забону адаб ва фарҳанги бостонии хеш  ошно мегардонад.  Дар ин давра  дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ, дар осори мансур, махсусан, асарҳои таърихӣ баъзе калимаву истилоҳоти муғулӣ  ба назар расанд ҳам, дар осори манзум ва мансури бадеӣ ин ҳолат мушоҳида намешавад.

Маҳз дар ҳамин давра  адибону донишмандони бузург, ба  мисли Саъдӣ, Ҳофиз, Аттор, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон ба миён омаданд  ва    ба   ҷаҳониён собит сохтанд, ки тоҷикон, воқеан ҳам, миллати куҳанбунёд, бофарҳанг  ва соҳибмаърифатанд. Дар ин давра асарҳои гаронбаҳое,  ба мисли “Гулистон”, “Бӯстон”, “Маснавии маънавӣ”,  “Асос-ул-иқтибос”ва чандин девон аз ҷониби адибон таълиф шуданд, ки  аз содагию равонӣ ва фасоҳату балоғати забони тоҷикӣ дарак медиҳанд.

Муаллиф     қайд намудаанд  ва фахр аз он доранд, ки миллати тоҷик дар кадом давру  замон ва ҳолате ки бошад, ҳувияти миллии хеш, асолати забони модарии худро  гум накардаанд. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик  тӯли ҳазорсолаҳо дар зери фишору зулми аҷнабиён қарор дошта марзу бум,  бойигарӣ ва тахту тоҷи хешро аз даст додааст, вале забони модарии худро, ки тавассути шири поки модар  дар замири  онҳо ҷой гирифта буд, ҳаргиз фаромӯш накардааст.  Агар ба асарҳое, ки дар боло зикр намудем, назар афканем,  мебинем, ки чӣ қадар  бо забони содаю фаҳмо   иншо шудаанд, гӯё онҳоро адибони имрӯз эҷод намуда бошанд.

Масалан, “Гулистон”-и Саъдӣ, ки саршор аз панду ҳикматҳои инсонист  ва махсусан,  боби ҳаштуми “Гулистон”,  ки аз зарбулмасалу мақолҳои  тоҷикӣ бой аст, то имрӯз аҳамияти тарбиявии хешро кам  накардааст. Ё ин ки

“Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ низ яке аз шоҳасарҳои адабиёти классикии  тоҷик буда, муаллифи он бо таълифи ин асар дар Ғарб ва ҳам  дар Шарқ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудааст. Бояд қайд намуд, ки Мавлавӣ худ парвардаи обу хоки Хуросону Мовароуннаҳр буда, ашъори ӯ саршор аз таъбиру  калимаҳои хоси ин диёр  ва забони тоҷикист. Инак, чанд намуна:

Феъли  “бест”, бестам, бестанд:

Ту магӯ, ки ман гурезонам зи

нест,

Балки ӯ аз ту гурезон аст,

бест.

 Курта; пироҳан:

Чоруқат рабъи кадомин Осаф

аст,

Пӯстин гӯйӣ, ки куртайи

Юсуф аст.

Берӯзӣ: маҳрум, бенасиб, бадбахт:

Ҳар ки ҷуз моҳӣ зи обаш сер

шуд,

Ҳар ки берӯзист, рӯзаш дер

шуд.

Ҳамин тариқ,  калимаю ибораҳои сирф тоҷикӣ дар ашъори шоирони  пешин фаровонанд ва ин аз он  шаҳодат медиҳад, ки бар асари ҳамин қадар фишору  таҳдидҳо тавонистанд адибони мо  бо забони ноби тоҷикӣ асарҳо офаранд.  Шароити мусоиди ибтидои асри ХХ сабаб гардид, ки дар забони адабии тоҷикӣ тағйироти ҷиддӣ ба вуқӯъ  пайвандад, яъне ба тарзи фаровон истифода шудани калимаҳои забони зиндаи гуфтугӯйӣ ва калимаҳои умумиистеъмолӣ ва китобӣ  аз васеъ гаштани таркиби забони адабӣ ва доман паҳн кардани он дар забони гуфтугӯйии мардум шаҳодат медиҳад. Метавон гуфт, ки дар ин давра ин забон  аз гирдоби тираи мураккабнависию душворписандӣ раҳоӣ ёфта,  ба забони тавонои ҷомеаи навин табдил ёфт.

 

Фаришта НЕЪМАТОВА,

омӯзгори мактаби №5,

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш