Нашрияи Омӯзгор

 «Нур» дар хизмати кӯдакон

Сана: 2018-07-19        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Ташкилоти ҷамъиятии маркази «Нур» дар самти расонидани ёрии иҷтимоӣ, таълиму тарбия, тавонбахшӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, хизматрасонии равонию дифектологӣ дар ВМКБ  фаъолият самаровар дорад. Сохторҳои марказ дар ноҳияи Роштқалъа бо фарогирии 160 кӯдаки дорои имконияти маҳдуд, бо ҳамин миқдор дар ноҳияи Шуғнон ва дар ноҳияи Дарвоз бо фарогирии 180 кӯдак амал мекунад.

-Дар шаҳри Хоруғ, - қайд кард директори марказ Камол Шанбезода,- барои волидони ин гуна  кӯдакон ҷои хоб ва ғизои севақта муҳайё карда шудааст. Волидон баробари таълиму тарбия ва тавонбахшии фарзандон аз мутахассисони марказ тарзи муомила ва муолиҷаи кӯдакон дар шароити хона тавсия мегиранд.

К.Шанбезода илова намуд, ки саломатии 20 нафар кӯдаки имконияташон маҳдуд дар маркази шаҳр барқарор карда шуд. Онҳо барои таҳсил ба мактабҳо сафарбар гардиданд. 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш