Ба хонандагони зинаи аввали таҳсилот зимни дарсҳои табиатшиносӣ ва лаҳзаҳои алоҳидаи дарсҳои дигар дар бораи олами набототи ҷумҳурӣ маълумоти ҷолиб додан пурманфиат аст.
Олами набототи Тоҷикистон ниҳоят гуногун аст. Дар кишварамон зиёда аз 5 ҳазор намуди рустаниҳо нашъунумӯ мекунанд. Аз ин 4, 5 ҳазори онҳоро рустаниҳои олии гулдор ташкил менамоянд. Дар ҷараёни мубориза барои ҳаёт наботот ба муҳити гуногуни табиӣ мутобиқ шудаанд. Ин дар паҳнгардии амудӣ ва ба камнамию сернамии мавзеъҳои алоҳида мутобиқ шудани онҳо зоҳир гардидааст. Дар ҳамворӣ ва водиҳои паст, ки бориш кам мешавад, рустаниҳои ба хушкӣ тобовар месабзанд. Онҳо, асосан, аз лола, лолахасак, ҷорӯбак ва хӯшадорон иборатанд. Дар маҳалҳои регзор рустаниҳои хордор, буттаҳои саксавул, черкез ва ғайра месабзанд. Ин гурӯҳи рустаниҳо хусусияти ба худ хос доранд, ки дар зери таъсири муҳити табиӣ ҳосил шудаанд. Барги як қисми онҳо ба хор табдил ёфтааст, ки дар шароити иқлими хушк бо ин восита обро кам бухор мекунад. Барои аз чуқурии зиёд обро гирифтан қисме аз наботот решаҳои дароз доранд. Гиёҳҳои бебақо ҳам ба шароити табиӣ мутобиқ шудаанд. Онҳо дар аввали баҳор пас аз об шудани барфҳо ва боридани боронҳои баҳорӣ сабзида, дар аввалҳои тобистон хушк мешаванд. Табиати мавзеъҳои ҳамвор ба туфайли дарёҳое, ки он ҷойҳоро бурида мегузаранд, тамоман аз атроф фарқ мекунад. Дар водии дарёҳо ва ҷазираҳои байни онҳо ғайр аз рустаниҳои ба ин маҳал хос боз рустаниҳое месабзанд, ки ба намии зиёд муҳтоҷ мебошанд. Онҳо бо рустаниҳои гуногун якҷоя сабзида, туғайзорҳоро ба миён овардаанд. Дар ин туғайзорҳо дарахтони бед, сафедор, ангат, санҷид ва ғайра месабзанд. Аз хӯшадорон, эриантуси қадбаланд ва бисёр гиёҳҳои ботлоқӣ низ дида мешаванд. Ғайр аз ин, дар ҳамвориҳои паст тавассути обёрӣ намудани заминҳо бисёр рустаниҳо парвариш карда мешаванд. Дар ин мавзеъҳо пахтазорҳо, боғу токзорҳо доман паҳн кардаанд. Инчунин, ғалладонагиҳо, лӯбиёиҳо ва бисёр намуди сабзавот кишт карда мешаванд. Дар доманакӯҳҳо, адирҳо ва пасткӯҳҳо боришот нисбат ба ҳамвориҳо зиёд аст. Вобаста ба ин, олами набототи табии ин мавзеъҳо гуногун ва ғанитар аст. Дар қисми поини ин мавзеъҳо аз рустаниҳои алафӣ шӯра, шибоғ, чатргулҳо, лӯбиёиҳо, савсан, кокутӣ, ковил, пудина, типчоқ ва ғайра паҳн гардидаанд.
Дар ҳамвориҳо рустаниҳои гуногуни алафӣ бо буттаю дарахтҳо омехта месабзанд. Аз дарахтон бодом, писта, дӯлона ва ғайра бештар паҳн гардидаанд. Дар водии дарёҳо ва маҳалҳое, ки боришот зиёд аст, дарахтони фарк, заранг, сафедор, чормағз, себ вомехӯранд.
Дар миёнакӯҳҳо баробари баланд шудани сатҳи маҳал боришот меафзояд ва иқлим нисбатан салқин мешавад. Аз ҳамин сабаб ҳам набототи он ҷойҳо мухталиф ва фаровон аст. Дар таркиби он рустаниҳои алафӣ нимбуттаю буттаҳо бартарӣ доранд. Миқдор ва намуди дарахтон низ зиёданд. Онҳо дар мавзеъҳои дорои шароити табиии мусоид ҷангали ҳақиқиро ташкил менамоянд. Дар байни буттаю дарахтони ҷангалсоз арча, писта, чормағз, дӯлона васеъ паҳн гардидаанд. Аз дигар намуди дарахту буттаҳо заранг, фарк, яхак, шумтол, бодом, зирк, қот, гулхор, хаданг ва ғайра низ месабзанд. Дар водии дарёҳое, ки миёнакӯҳҳоро бурида ҷорӣ мешаванд, дарахтони сафедор, бед, чинор ва ғайра вомехӯранд. Аз дарахтони мевадиҳанда чормағз, себ, тут, анҷир, нок, мурӯд, дӯлона, олуча, ангур дучор мешаванд.
Рухшона Файзуллоева,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр