Нашрияи Омӯзгор

Дарси шавқовари наврӯзӣ

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 822        Шарҳ: 0

 

Дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз омӯзгори синфи 1”е”-и мактаб-гимназияи №1, ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд Фирӯзахон Тӯраева падару модаронро ба соати тарбиявӣ даъват намуд. Аксари модарону падарон ба соати тарбиявӣ ҳозир шуданд ва баъди анҷоми он қаноатманду хурсанд бо фарзандони  худ ба хонаашон баргаштанд.

Аз чӣ ва чаро онҳо шоду масрур буданд? Ба ин суол баъди иштирок ба дарси тарбиявии муаллима ман ҳамчун мутахассиси соҳаи маориф посух доданам осон аст. Зеро ман ҳам мураббияи кӯдаконаму собиқаи кофӣ дорам ва на ҳар дарсу машғулият маро ба ваҷд оварда метавонад. Аммо бо маҳорату малакаи хос ва таҷрибаю истеъдоди фитрӣ Фирӯзахон Тӯраева тавонистанд маро ва дигаронро ба ваҷд оваранд. Биёед, аз оғоз нақл кунам.

Дар ибтидо Ф.Тӯраева маънии калимаҳои “сардӣ” ва “гармӣ”, “торикӣ” ва  “равшанӣ”, “зимистон” ва “баҳор”, “шаб” ва “рӯз”, “некӣ” ва “бадӣ”, “барф” ва “борон”-ро аз хонандагон пурсида, худ иловатан шарҳ дод ва маънии муқобили ҳам доштани ин вожаҳоро фаҳмонд. Баробари ин, чанд нафар бачагону духтаракон нақшҳои гармию сардӣ, торикию равшанӣ, зимистону баҳор ва шабу рӯзро бозида, гармӣ сардиро, равшанӣ торикиро, баҳор зимистонро, рӯз шабро мағлуб сохтанд, яъне, некӣ бар бадӣ ғалаба кард.

Аз лаҳзаҳои аввали дарс маълум гардид, ки дар маркази иди Наврӯз симои инсон будааст ва маҳз пирӯзии он барои беҳтар ва хуррамтар гардидани зиндагии одамон мусоидат мекардааст, ки инро хонандагон хуб фаҳмиданд.

Сипас, сурати гулҳои сияҳгӯш, бойчечак, лола, қоқу, бобунаро нишон дода, муаллима суол кард, ки оё бачаҳо дар зиндагиашон ин гуна гулҳоро дидаанд? Аксари хонандагон оид ба гулҳо ва дар куҷо рӯидани онҳо маълумот дода тавонистанд. Баъд таронаи “Бойчечак”-ро гурӯҳи писарон хонданду саҳначаи ҷолиберо намоиш доданд. Духтарон маросими сумалакпазиро нишон дода, аз қадимӣ будани ин таом ҳарф заданд ва таронаи мардумии “Суманак”-ро дастҷамъона сароиданд.

Мо, падарону модарон, дар як гӯшаи синф нишаста, мушоҳида мекардем, ки омӯзгор бо чӣ гуна маҳорат ва ҷаззобӣ метавонад хонандаеро барои иҷрои ин ё он амал ҷалб намояд. Бачагон бо майли том ва бехато ҳар фармоишу супориши вайро иҷро мекарданд.

Ба сарвари кордону ташкилотчии моҳири гимназия С.Сатторова барои дарёфту тарбияи чунин омӯзгорони ҷавони боистеъдод аз номи волидон ташаккур мегӯям.

Бояд тазаккур дод, ки Ф. Тӯраева пас аз хатми факултаи методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров аввал дар мактаби миёнаи №12, шаҳри Хуҷанд, сипас, дар муассисаи таълимии ғайридавлатии гимназияи “Кавсар” ба хонандагон таълиму тарбия дода, тадриҷан таҷрибаи кофӣ (ҳаждаҳсола) андӯхтааст. Вай бо ғайрату матонат кӯшиш дорад, ки шогирдонаш чун насли созандаю фидокори даврони истиқлол ба камол расанд. Дар ин кори душвору бошараф ба муаллима тавфиқу комёбӣ хоҳонем.

Гулнорахон Саидаҳмадова,

мураббияи ширхоргоҳ-кӯдакистони  №11,

шаҳри Хуҷанд


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш