Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши илмҳои дақиқ вусъат меёбад

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва ҷиҳати фаро гирифтани донишҳои замонавӣ барои насли наврас тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳамин аст, ки имрӯз дастовардҳои хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ назаррас буда, кишвари азизи мо дар ин самт дар қатори беҳтарин давлатҳои дунё қарор дорад.

Дар баробари ин, дар соҳаи маориф омӯзиши илмҳои бунёдӣ дар мадди аввал қарор гирифтааст, ки бевосита ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат  - саноатикунонии босуръати кишвар иртибот мегирад. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) таъкид доштанд, ки «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад». Ҳамчунин, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ва дигар вазорату идораҳоеро, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор  намуданд, ки ҷиҳати вусъати бахшидани илмҳои мазкур тамоми чораҳои заруриро андешанд. Шоистаи таъкид аст, ки соли равон озмуну олимпиадаҳо дар доираи илмҳои бунёдӣ дар кишвар вусъат ёфт, ки ба ҷалби бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ такони ҷиддӣ бахшид.

Бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳандозӣ гардид, ки бевосита ба илмҳои дақиқ иртибот дорад. Давраи аввали озмуни мазкур дар шаҳру навоҳии кишвар баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону муҳаққиқони ҷавон иштироки фаъол намуданд. Ин, бешак, ба ихтирою дастовардҳои навин ва шинохти чеҳраҳои ихтироъкори мамлакат мусоидат мекунад. Воқеан ҳам, таваҷҷуҳу дастгирии мунтазами Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба кишвари саноатӣ табдил додани Ватанамон бармало мушоҳида мешавад. Дар ин самт, мо – омӯзгорон низ мебояд талош намоем ва хонандгони дорои тафаккури техникиро ба камол расонем.  Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба хонандагон дар давраи аввали таҳсил аҳамияти омӯзиши илмҳои дақиқро бо мисолҳои ҳаётӣ бифаҳмонем. Мо - омӯзгорон аз методу усулҳои гуногуни таълим дар раванди таълим истифода намоем ва хонандагонро аз оғоз ба фикру андеша кардан водор намоем.

Боиси хушнудист, ки дар ин самт нашрияи «Омӯзгор» саҳми босазо мегузорад ва озмуни «Бистсолаи омӯзиш илмҳои дақиқ…» далели гуфтаҳо болост. Дар ҳар шумора зери ин рубрика  навиштаҳои муҳтавоманд ба нашр мерасанд, ки бо такя ба осори зиёди илмӣ навишта шудаву омӯзгорон метавонанд дар дарсҳо ба таври фарогир истифода кунанд.

Аҳли таълиму тарбияро зарур аст, ки дар ҷараёни тадрис аз воситаҳои ҷолибсозии таълим фаровон истифода намоянд ва хонандагони донишмандро ба камол расонанд, то дар рушду пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми босазо гузоранд.

 

Сайрам РАҲИМОВА,

омӯзгори синфҳои

ибтидоии  мактаби 98-и

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш