Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ҷиҳати беҳшавии фаъолияти ошхонаҳои муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда бошанд ҳам, ҳамоно вазъи қисме аз онҳо қонеъкунанда нест.
Ҳарчанд тибқи маблағгузории лоиҳаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ ошхонаҳои муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд ва дар онҳо ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ хӯрок дода мешавад, аммо қисми дигари ошхонаҳо ба соҳибкорон ва ё ашхоси гуногуне ҳавола карда шудааст, ки ҷиҳати тозагиву ободонии ошхонаҳо умуман тадбирандешӣ намекунанд.
Ба иттилои масъулини раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар муассисаҳои таълимӣ бо маблағгузории лоиҳавӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ ба толибилмони синфҳои ибтидоӣ хӯроки нисфирӯзӣ дода мешавад.
Дар робита ба ин, коршиносон бар он назаранд, ки яке аз сабабҳои асосии ҷой доштани мушкилӣ ва норасоӣ дар ошхонаҳои муассисаҳои таълимӣ дар он аст, ки масъулон аксаран ба таъмини маҳсулоти хӯрок диққат дода, ба ҳолати омода намудани хӯрок ва вазъи санитарии ошхонаҳо эътибори ҷиддӣ намедиҳанд.
Барои шинос шудан бо фаъолияти ошхонаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун аз чанде ошхонаҳои муассисаҳо дидан карда, бо масъулон ҳамсуҳбат гаштем. Дар муассисаи таълимии №16-и ноҳия 1059 нафар хонанда таҳсил ва 46 нафар омӯзгор фаъолият мекунанд. Директори муассиса Умед Умаров изҳор дошт, ки фаъолияти ошхонаи муассиса зери назорат қарор дорад ва ҳамарӯза ба зиёда аз 130 нафар хонандаи синфҳои ибтидоӣ хӯрок дода мешавад. Ҷойи хӯрокхӯрии хонандагон ва омодашавии таомҳо мувофиқи талабот нест. Махсусан, ҷойи пухтупази хӯрок ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ намебошад. Утоқи омодакунии таом пур аз лонаи анкабут буда, аён аст, ки моҳҳо рӯйи тозагиро надидааст. Маротибае чанд масъулини лоиҳаи таъминкунандаи хӯрок ҳолати мазкури ошхонаро қобили қабул дониста, дар бораи ба талабот ҷавобгӯ набуданаш чизе нагуфтаанд. Директори муассисаи таълимии мазкур афзуд, ки барои ба талабот ҷавобгӯй намудани ошхона имконияти иқтисодӣ надорем ва дар ин росто касе кумак ҳам карда наметавонад. Аз ҳисоби лоиҳа танҳо орд ва равған кумак карданд ва бо мусоидати яке аз соҳибкорони саховатманди маҳалла дигар маҳсулотро харидорӣ карда, хӯроки хонандагонро омода карда истодаем. Барои ислоҳи камбудӣ ва норасоиҳо дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи падару модарон кӯшиш мекунем, ки ошхонаро ба тартиби муайян дароварда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯй намоем.
Бо вазъи ошхонаи муассисаи таълимии №3-и ноҳияи мазкур низ шинос шуда, бо масъулин ҳамсуҳбат гаштем. Дар ошхона таом ва нон пухта мешавад. Ҷойи омодакунии хӯроки хонандагон низ ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯй намебошад. Ошпази ошхона, ки нахост номаш ифшо гардад, изҳор дошт, ки бо сабаби набудани шароит ва дар ҳолати таъмирталаб қарор доштани ошхона чунин вазъият нигаронкунанда аст. Ӯ гуфт, ки худаш танҳо дар ин ҷо кор мекунад ва барои ҳамарӯза тозаву озода кардани ошхона ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он вақт ёфта наметавонад. Аммо дар ин хусус роҳбари муассиса Абдурасул Шарифов изҳор дошт, ки ҳар ҳафта бо ҷамъи фаррошон ошхонаро тозаву озода карда, ба тартиби муайян медароранд.
Масъулини шуъбаи маорифи ноҳия дар робита ба вазъи ошхонаи муассисаҳои таълимии мазкур афзуданд, ки барои ошпазҳо маош ҷудо нагардидааст ва шахси масъули ошхона бе маош кор карда, ба ин масъала диққати махсус намедиҳад. Ин аст, ки на ҳамаи ошхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯй мебошанд. Вале барои ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратӣ гузаронида мешавад.
Ба иттилои Давлаталӣ Сатторов, корманди Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар, барои ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набудан чанде аз ошхонаҳои муассисаҳои таълимӣ мавриди ҷаримабандӣ қарор гирифтанд. Имрӯз аксарияти ошхонаҳои муассисаҳои таълимӣ садамавӣ ва таъмирталаб мебошанд. Масалан, давоми соли 2020 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба 16 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тартиб дода шудааст, ки яке аз асосҳои он риоя накардани ҳолати санитарӣ мебошад. Аз ин рӯ, муассисаҳои таълимӣ тибқи моддаи 112 –и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаримабандӣ карда шудаанд.
Дар робита ба ин, Ислом Алиев, ҳуқуқшиноси Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар гуфт, тибқи моддаи 112-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ ҷарима таъйин карда мешавад. Барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ, инчунин, иҷро накардани чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемӣ (ба ғайр аз қоидаю меъёрҳои вобаста ба ҳифзи ҳавои атмосфера), ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. И.Алиев илова намуд, ки барои баъди таъйини ҷазои маъмурӣ дар давоми як сол такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳандаи маош барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
- Аслан, барои пешгирии ҳуқуқ-вайронкуниҳои маъмурӣ ва риояи ҳолати санитарӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ошхонаҳои онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ – иттилоотӣ бо роҳбарият, шахсони масъул, омӯзгорону хонандагон ба роҳ монда шудааст. Аммо бо вуҷуди ин, онҳо талаботи қонун ва вазифаву уҳдадориҳои хешро мувофиқи матлаб иҷро намекунанд. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ ва феврали соли 2021 литсейи физикӣ - математикии “Ориёно”- и шаҳри Бохтар ба маблағи 120 сомонӣ барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ ҷаримабандӣ карда шудааст. Муассисаи таълимии №6 –и шаҳр ба маблағи 300 сомонӣ мавриди ҷаримабандӣ қарор гирифтааст, гуфт - Дилшод Кабутов, ёрдамчии табиби бахши беҳдошти кӯдакон ва наврасони маркази болозикр. Ба ҳамин монанд, муассисаи таълимии №5 ва муассисаҳои томактабии №4 ва №23 ба маблағи 300 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.
Ҷамила Холова, сокини ноҳияи Кӯшониён, изҳор дошт, ки ҳамасола Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ барои фаъолияти ошхонаҳо иҷозатномаи санитарӣ медиҳанд. Бояд пеш аз додани чунин иҷозатнома аз ҳолати ошхона, ба талабот ҷавобгӯ будан ё набудани он хулосаи санитариро пешниҳод кунанд. Дар баробари ин, роҳбарияти муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки аз рӯи кори ошхонаҳо назорати санитарӣ баранд ва масъулонро водор кунанд, ки ҳамарӯза ошхонаро тозаву озода намуда, ба талабот ҷавобгӯ намоянд.
С. АЗИЗӢ,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр