Нашрияи Омӯзгор

Таълими забонҳои хориҷӣ беҳбудӣ мехоҳад

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Раёсати маорифи вилояти Хатлон бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» чораҳои зарурӣ меандешад.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2020 дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 2913 нафар, аз ҷумла, 1670 нафар омӯзгори забони русӣ ва 1243 нафар омӯзгори забони англисӣ ба таълиму тарбияи хонандагон машғул буда, норасоии омӯзгорон аз ин фанҳо, аз ҷумла, 20 нафар аз забони русӣ ва 29 нафар аз забони англисӣ дар муассисаҳои таълимии минтақа ба назар мерасад. Соли хониши 2020 – 2021 6 нафар хонанда аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Бо ибтикори мушовири забони русӣ А. Байдуков барои ёрии омӯзгорони забони русӣ ва хонандагоне, ки завқи хондани забони русиро доранд, 5 дастури методӣ дастраси омӯзгорону хонандагон гардонида шудааст. Бо ибтикори кабинети методӣ семинари дурӯзаи омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ гузаронида шудааст, ки дар он зиёда аз 183 нафар омӯзгор ширкат варзидаанд. Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи донишандӯзии хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таълимии шаҳр озмуни «Забондони беҳтарин» аз фанни забони русӣ баргузор карда шудааст. Аз шумораи 48 муассисаи таълимӣ танҳо дар муассисаҳои таълимии №4 ва 34 кабинети лингофонӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ фаъолият мекунаду халос. Ҳанӯз ҳам дар таълиму омӯзиши фанҳои забони русӣ ва англисӣ проблемаҳои ҳалталаб зиёданд. Мушовири фанни забони русии раёсати маорифи шаҳр А. Байдуков мегӯяд:

- Набудани кабинети линго-фонӣ, воситаҳои аёнӣ ва техникӣ, китобҳои бадеӣ ва маводи дидактикӣ бо забони русӣ ва англисӣ боиси коста гардидани сифати таълим ва суст шудани сатҳи донишу саводнокии хонандагон мешавад. Набудани муҳити гуфтугӯи хонандагон бо забони русӣ боиси паст шудани дониши шифоҳии хонандагон гардидааст. Бояд қайд кард, ки фарогирии хонандагон ба маҳфилҳо (аз ҷумла, фанҳои забони русӣ ва англисӣ) дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Мушкилоти дигар нарасидани омӯзгорони соҳибкасби фанни забони русӣ ва англисӣ, сифати пасти китобҳои дарсӣ ва кам ҷудо шудани соатҳои таълимӣ барои омӯзиши фанни забони русӣ ба шумор меравад.

Дар шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин масъулини соҳа ба омӯзиш ва таълими фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ аҳамияти махсус дода, амалишавии барномаи давлатиро дар муассисаҳои таълимии ноҳия мувофиқи талаби замон ба роҳ мондаанд. Бо ибтикори мушовири фанни забони русӣ Н. Сарангов дастури методӣ бо номи «Методическое пособие в помощь изучающим русский язык» дастраси омӯзгорону хонандагон гардонида шудааст. Дар ноҳияи номбурда дар омӯзиши фанҳои забони русӣ ва англисӣ проблемаҳои ҳалталаб зиёданд. Норасоии воситаҳои аёнӣ ва техникӣ, китобҳои бадеӣ ва маводи дидактикӣ бо забони русӣ ва англисӣ, мавҷуд набудани муҳити муоширати хонандагон бо забони русӣ боиси паст шудани дониши шифоҳии хонандагон ва сифати таълим гардидааст. Нокифоя будани мутахассисони соҳибкасб дар муассисаҳои таълимии ноҳия, ба таври зарурӣ фаро гирифта нашудани хонандагон дар маҳфилҳои фанҳои забони русӣ ва англисӣ низ ба сифати омӯзиши забонҳои мазкур таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, ба масъулини соҳа зарур аст, ки кори маҳфилҳоро дар муассисаҳои таълимӣ ва таҳсилоти иловагӣ ҷоннок намоянд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод синф - кабинетҳои забони русӣ ва англисӣ бо қувваи омӯзгорон ташкил гардида, барои забономӯзии хонандагон шароити мусоид муҳайё шудааст. Дар олимпиадаи вилоятӣ аз фанни забони хориҷӣ 9 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия сазовори ҷойи ифтихорӣ гаштаанд. Тайи се соли охир ҳолати дафтардорӣ, китобдорӣ ва луғатомӯзии хонандагон дар муассисаҳои таълимии шаҳраки Муъминободи ноҳия беҳтар гардида, барои бурро гардидани нуқти шифоҳии онҳо рӯзи сешанбе «День русского языка» ва «Биёед, бо забони русӣ гап мезанем!» гузаронида мешавад. Бо вуҷуди ин, имрӯз донишу саводнокии хонандагон аз фанни забони русӣ ва англисӣ дар баъзе муассисаҳои таълимии ноҳия, ба талаби рӯз ҷавобгӯ набуда, беҳбудиро тақозо мекунад. Аз 58 муассисаи таълимии ноҳия танҳо дар 2-тои он кабинети лингофонӣ мавҷуд мебошаду халос.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 30 синф-кабинети забони русӣ ва 21 синф-кабинети забони англисӣ ва дар 4 муассисаи таълимӣ кабинети лингофонӣ фаъолият доранд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ҳоло ҳам нутқи шифоҳӣ ва муоширати хонандагон бо забонҳои русию англисӣ дар зинаи паст қарор дошта, ба беҳбудӣ ниёз дорад. Дар ноҳия 26 нафар омӯзгори забони русию англисӣ бо маълумоти миёнаи махсус фаъолият мекунанд, ки ин боиси нигаронии ҷиддист.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш