Нашрияи Омӯзгор

Хурофот саропо зиён аст

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Калимаи «хурофот» дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ба маънои «ақида ва фикрҳои пучу беасос» омадааст.

Воқеан, инсон замоне асири хурофот мегардад, ки хираду дониш дар  замири ӯ дида намешавад. Маълумоти таърихӣ собит сохтаанд, ки надонистани масъалаҳои динӣ аз ҷониби пешвоёни дин бар сари халқ, бахусус, халқи тоҷик чӣ бадбахтиҳо, чӣ гуна хурофотпарастиҳо оварда аст. Таъсири манфии ин вазъ тоҳол дар байни ҷомеа ҳукмфармост.

Дар адабиёти муосири тоҷик, махсусан, дар асарҳои устод Садриддин Айнӣ масъалаи боло хуб тавзеҳ ёфтааст. Ин адиби тавоно  дар асарҳояш «Ҷаллодони Бухоро», «Ёддоштҳо», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Таърихи амирони манғитияи Бухоро»… доир ба хурофотпарастии ҷомеаи онрӯза ва дасисаҳои муллоҳои бесавод  далелҳои ҷолиб овардааст. Адиб дар ин асарҳояш барои фош намудани бедонишию бефаросатии аксар муллоҳои мадраса, диндорони мансабхоҳ ва қозиҳои дарбор, ки мардуми бечораро бо фиребу найранг ва ҳукмҳои беадолатонаи худ гирифтор мекарданд, қалам тез намудааст.

Аз мутолиаи асарҳои устод Айнӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки он замон аз камсаводиву зудбоварии мардум истифода намуда, хурофотпарастон зиндагонии боҳашамат доштанду сарвати бешумор ва мисли кайкҳои бадмур дар пӯсти мардуми осоишта ҷой гирифта буданд. Баъзе муллоҳои ҷоҳили он вақт барои амалишавии мақсадҳои нопоки худ аз иродаи сусти мардуми осоишта, махсусан, ҷавонон  васеъ истифода менамуданд ва метавонистанд ҳар рӯз бо баҳонаи дини ислом як ҳукми бераҳмонаро барои мардум раво бинанд.

Дар ҳаёти имрӯзаи мардуми сайёра, аз ҷумла, мардуми мо новобаста аз тараққиёти илму техника ва сиёсати давлатдорӣ, ҳоло ҳам баъзе ақидаҳои хурофотпарастона ҷойгиранд. Дар ин хусус мо ҳар рӯз тариқи пахши гузоришҳои воситаҳои ахбори омма иттилоъ пайдо мекунем.

Масалан, мувофиқи ахбори шабакаҳои иҷтимоӣ «Дар кишвари Ҳиндустон, яке аз сокинони ин кишвар - Баблуи 25-сола гирифтори касалии гигантизм буда, бар асари беморӣ як дасташ аз андоза зиёд калон шудааст. Тамоми хешу ақрабояш «Баччаи шайтон» гӯён аз Баблу рӯй гардонданд. Ҷавон маҷбур шуд, ки аз ватанаш кӯч бандад». Чунин мисолҳои хурофотпарастона дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле зиёданд.

Эҷодкунандагони хурофот шахсони ҷоҳилу бесавод  ва диндорони мансабхоҳе  мебошанд, ки аслан аз кӯчаи илмҳои динӣ нагузаштаанд ва барои манфиатҳои шахсии худ ҷомеаро фасод мекунанд.

Шукр аз сохибистиқлолии  кишвар, ки имрӯз қисми бештар осебпазири ҷомеа, яъне, ҷавонон пайваста дар омӯзишу фаъолиятанд. Ин нишонаи бедории фикрии ҷомеа, дӯст доштани сарзамини худ, махсусан, ҷавонони худогоҳу ватандӯст ба ҳисоб меравад, ки фирефтаи макру фитнаҳои бадхоҳони миллати тоҷик нахоҳанд шуд.

           

Фарзод Паҳлавонов,

омӯзгори мактаби №21

ба номи Одина Ризо,

ноҳияи Варзоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш