Нашрияи Омӯзгор

Консепсияи таълими физика ва таълифи китоби дарсӣ

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 826        Шарҳ: 0

 

(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Дар китобҳои дарсии нашри имрӯза масъалаҳои характери таҳқиқотидошта ниҳоят кам ба чашм мерасад. Масалан, мумкин аст, ки масъалаҳоро дар китоби физика, монанди: «Ду писарбача дар як вақт мехоҳанд муайян кунанд, ки кадоме аз онҳо массаи калонтар доранд ва чӣ қадар? Онҳо чӣ тавр бо ёрии як рулетка массаашонро муайян карда метавонанд?» ва ғайраҳоро дохил кардан аз манфиат холӣ нест.

Чунин масъала ба хонандагон имконият медиҳанд, ки усулҳои ихтироъкорӣ ва ҷустуҷӯиҳои навро истифода бурда, роҳи ҳалли онро муайян намоянд. Вай барои худ «мафҳуми нав» (роҳи ҳалли нав) ихтироъ карда, ба иҷрои кори мустақилонаю эҷодкорӣ дастёб мегардад. 

Мақсади истифода бурдани таълими проблемавӣ, ки яке аз усулҳои фаъоли таълим ба ҳисоб меравад, дар он аст, ки ба хонанда донишҳои барои азхудкунӣ дар матни китоб омада, дар шакли тайёр дода намешавад. Дар давоми иҷрои кори мустақилона ҳалли проблемаро худи хонанда бояд ёфта тавонад. Мутаассифона, чунин мисолу масъалаҳо, практикумҳо, корҳои амалӣ дар китобҳои дарсӣ ниҳоят кам ворид карда шудаанд. Аксарияти масъалаҳои китобҳо тавре интихоб шудаанд, ки бе ягон фикрронии ҷиддӣ ва бе иштироки фаъоли хонанда онҳоро ҳал кардан мумкин аст. Лозим аст, ки муаллифони китобҳо ба ин самти кор диққати ҷиддӣ дода, пеш аз ворид намудани матн ба китоб ва шарти масъалаҳо, дар назди худ  вазифа гузоранд, ки маводҳои воридшуда, яке аз проблемаи хонандаро нисбат ба гирифтани дониш ҳал намояд ва дар баровардани хулоса ба саволҳои худ ҷавоб ёфта тавонад.

Масалан:

Аккумулятор, амперметр, симҳои пайвасткунанда ва ду муқовимат (яктоаш маълум, дигараш номаълум) дода шудааст, ки К.Э.Ҳ. ва муқовимати дохилии он муайян нест. Чӣ тавр қимати муқовимати номаълумро ҳисоб кардан мумкин аст?

Яъне, масъалаҳоеро интихоб кардан лозим аст, ки аз рӯи нақшаи зерин ҳалли онро ҷустуҷӯ кардан мумкин бошад:

- таҳлили ҳолатҳои гуногуни роҳи ҳалли масъала аз рӯи шарти масъала;             

- гузоштани проблема;

- интихоб ва ҷалб кардани донишҳои зарурии гирифташуда;

- зарурияти донишҳои нав;

- ёфтани усулҳои ҳал;

- ба расмият даровардани натиҷаи ҳал.

Хонанда шарти масъаларо якчанд бор хонда баромада, бо мазмуни он шинос мешавад. Ин амал ибтидои ҳалли масъала ба ҳисоб меравад.

Баъди хондан хонанда муайян мекунад, ки чунин масъалаҳои ба ҳам монандро пештар чӣ қадар ҳал намудааст? Донишҳои пеш гирифтааш ба ҳалли масъалаи мазкур кифоя аст ё не? Оё роҳи ҳалли он ба ӯ шинос аст ё   не? Аз рӯи саволҳои гузошташуда хулоса мебарорад, алгоритми ҳалли онро тартиб медиҳад ва аз рӯи он зина ба зина самтҳои ҳалро аниқ карда, бузургиҳои маълуму номаълум ва ёрирасонро муайян мекунад.

Дар сурате, ки шарти масъала ва қиматҳои додашудаи он ҳалли онро таъмин карда натавонад, ба шарти масъала тағйироту илова ворид менамояд. Яъне, як қиматро ба қимати дигар иваз намуда (бузургиро ба бузургии дигар), ба мазмуни масъала тағйирот ё илова дароварда, мазмуни масъаларо пурра менамояд. Ғайр аз ин, дар китобҳои дарсӣ масъалаҳои зеринро ҷойгир кардан аз манфиат холӣ  нест:

- масъалаҳое, ки ҳалли он дар асоси истифодаи донишҳои тайёр (назариявӣ) иҷро мешаванд (қиматҳоро дар формула гузошта ҳисоб кардан);

- масъалаҳое, ки ҳалли онҳо дар асоси донишҳои назариявӣ пешбинӣ шудаанд, аммо онҳо таҳлилро талаб доранд;

- масъалаҳое, ки худи алгoритми ҳалли он (татбиқи дониши  назариявӣ) натиҷаи он ҳисоб мешавад. Ин масъалаҳо масъалаҳои тадқиқшаванда аст, аз имконияти хонанда вобаста буда, самтҳои гуногуни гузаронидани тадқиқотро талаб дорад.

Ёфтани роҳҳои ҳалли чунин масъалаҳо яке аз зинаҳои мушкили таълим мебошад. Мушкилии ин самтро ба назар гирифта, масъалаҳои амалиро дар китобҳои дарсӣ ё маводи иловагии таълим пешниҳод кардан лозим меояд. Сабаб он ки қисме аз хонандагон аслан аз уҳдаи иҷрои ҳалли масъалаҳо мебароянд ва қисме аз онҳо, бо вуҷуди доштани донишҳои назариявӣ аз уҳдаи ҳалли онҳо баромада наметавонанд. Аз ин рӯ, муаллифи китоб дар вақти ба китоби дарсӣ ворид намудани масъала бояд дар назди худ вазифа гузорад, ки талабот ва мақсади дохил кардани он аз чӣ иборат аст? Оё барои сайқал додани фикрронии хонанда ягон нақшро бозӣ карда метавонад ё не? Агар ба ин саволҳо ҷавоби аниқ надошта бошем, самаранокии ҷараёни таълимро таъмин карда наметавонем.

Муаллиф ба мазмуни психологии таснифоти (гурӯҳбандӣ)-и масъалаҳо диққати ҷиддӣ дода, донишҳои пеш омӯхтаи хонандагонро, ки барои ҳалли масъала заруранд, ба инобат мегирад.

Вазифаи муаллиф ва педагог дар он аст, ки аз рӯи проблемаҳои таҳқиқотӣ на танҳо хонандаро ба фикрронии беғалат (пурра бе ғалат шуданаш мумкин нест) сафарбар намояд, балки бо роҳи мустақилона таҳқиқ гузаронидани проблема  ёд дода, ба ихтирои ягон «кашфиёт» раҳнамун созад.

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе масъалаҳо дар китобҳои дарсии физика,  ворид карда шудаанд, ки бо як нигоҳ ва амал хонанда аз уҳдаи иҷрои онҳо баромада наметавонад. Муаллим бошад, сабаби аз уҳдаи ҳалли масъала набаромадани хонандаро таҳлил накарда, пешакӣ, бе таҳқиқ дар бораи қобилияти фикркунии он хулосаи нодуруст мебарорад.

Ба ҷойи хулосаи нодуруст баровардан, муаллим мебоист муайян мекард, ки аз тарафи хонанда масъала дар кадом сатҳ иҷро шудааст, дар куҷо ба мушкилӣ дучор омадааст ва чӣ тавр мушкилиро бартараф кардан мумкин аст.

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки кумаки муаллим дар ҳалли масъалаҳои таҷрибавӣ ду хел шуда метавонад:

Якум - дуруст ва аниқ фаҳмонидани усулҳои амалиёт.

Дуюм - аз рӯи муқоиса  нисбат ба ҳалли масъала баровардани хулосаи даркорӣ .

Ба фикрронӣ ҷалб кардани хонанда имконият медиҳад, ки мақсади ташхисро муайян кунад. Аз ташхиси хонанда истифода бурда, ҳалли масъаларо иҷро намояд.

Дар китобҳои дарсӣ ё маводи иловагӣ ба китоби дарсӣ масъалаҳои намуди дигарро дохил кардан мумкин аст, ки ҳалли онҳо аз рӯи асбобҳои аёнӣ ҳамчун маводи таҳқиқот ҳал мешавад. Чунин масъалаҳо имконият медиҳанд, ки хонанда аз рӯи онҳо супориши масъаларо тартиб дода, алгоритми ҳалли онро ба нақша дарорад.

Дар вақти ҳалли чунин масъалаҳо усули қабулкуниро  чунон ташкил кардан лозим аст, ки хонанда тахминан объектеро таҳқиқ карда, барои асоси  такягоҳии онро ёфтан имконият пайдо намояд.

Дар китобҳои дарсӣ ворид намудани масъалаҳо вобаста ба шакли муқоисавӣ ду ё зиёда аёниятҳои тасвирӣ дар асоси тасвир, сохтмони предметҳо, фазоӣ, функсионалӣ аз аҳамият холӣ нест;

Мушоҳида намудани тағйирёбии ҳолати система дар зери таъсири ҳолатҳои гуногун: масалан, масъалаҳои худтаҳқиқотӣ.

Тартиб додани чунин масъалаҳо барои самаранок аз худ кардани мазмуни дониш ва ба амал баровардани сифатҳои асосӣ, монанди тезбинӣ, мушоҳидакорӣ, қабулкунӣ, ихтиёрӣ тағйир додани нуқтаи ҳисоб  хизмат мерасонад.

Ҳамзамон, қайд кардан лозим аст, ки қабули бошуурона на танҳо аз хусусияти маводи аёнӣ гузаштани мазмуни масъала, балки аз фикрронии хонандагон низ вобаста мебошад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе маврид хонанда барои иҷрои ҳалли масъала аз куҷо сар карданашро сарфаҳм намеравад. Аз ин рӯ, усули таҳлили объектҳои муоинашавандаро ба хонандагон, пеш аз ҳама, дар китобҳои дарсӣ дохил карда, алгоритми онҳо  фаҳмонидан лозим меояд.

Хулоса, ҳалли намуди гуногуни масъалаҳо, аз рӯи маводи  аёнӣ аз хонандагони лаёқатманд усулҳои дарк карданро талаб дорад.

Таҳиягарони китобҳои дарсиро  зарур аст, ки илова ба китоби дарсӣ, китоби дарсии маҷмӯаи масъалаҳо ва корҳои  амалӣ дар зинаҳои таълими физикаро таҳия карда, якҷоя барои тасдиқ пешниҳод намоянд. Ҳамчунин, ба китобҳои дарсӣ  барои ҳар як ҳодисаҳои физикӣ дар ҳарду зинаи  таҳсилот маводи дидактикиро пешниҳод кардан зарур аст.

  Курси физикаи муассисаҳои таҳсилоти  умумӣ  таълими аёниро  дар бар мегирад. Соатҳои таълимии  дар  нақшаи  таълимии амалкунанда  ҷудо кардашуда талаботи стандарти таълими фанро таъмин карда  наметавонад.  Дар сатҳи  минималӣ  борои  синфҳои 7, 8 ду соат, дар синфи 9 се соат ва дар синфҳои 10, 11 на кам аз чор соат дар як ҳафта ҷудо кардан лозим  аст. Барои таълими физика дар равияҳои ҷамъиятӣ - гуманитарӣ  стандарти нав қабул карда, китобҳои дарсии алоҳидаро таҳия кардан зарур аст.

М. Заробеков,

мактабшинос


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш