Нашрияи Омӯзгор

Бунёди биноҳои нави таълимӣ

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 772        Шарҳ: 0

 

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба эълон гардидани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон корҳои бунёдкорӣ ва хуррамгардониву кабудизоркунӣ вусъати тоза мегиранд.

Дар бинои нави таълимӣ корҳои бунёдкорӣ  ҷараён доранд. Бино аз ду ошёна иборат буда, синфхонаҳо, долону маҷлисгоҳ ва лабораторияҳои он таъмир гардида, 90 дарсади корҳо ба анҷом расидааст. Инчунин, дар канори бинои навбунёди таълимӣ бунёди маҷлисгоҳи барҳаво идома дошта, сохтмончиён дар ду баст корҳои сохтмониро анҷом дода истодаанд.

Дар ДДҲБСТ бинои дигари дуошёнаи факултаи муштараки ДДҲБСТ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Тошканд пурра таъмиру азнавсозӣ гардида,  бо таҷҳизоту техникаи муосири раванди таҳсил таҷҳизонида шудааст.

Дар донишгоҳ, инчунин, сохтмони бинои истиқоматӣ барои кормандону устодон ва хобгоҳ барои донишҷӯён ба нақша гирифта шудааст, ки марҳила ба марҳила сохта мешавад.

 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш