Нашрияи Омӯзгор

Маблағи китобҳои иҷора пардохт намешавад. Чаро?

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Норасоии китобҳои дарсӣ ва афзоиши қарзи онҳо, кам будани китобхонаҳо ва китобдорон дар муассисаҳои таълимӣ, дар ҳолати ногувор қарор доштани китобхонаҳо, мувофиқи матлаб набудани ҳуҷҷатгузории китобдорон, беназоратӣ нисбат ба истифодаи китобҳои дарсӣ, фарсудагии китобҳо, ҳамкории сусти падару модарон бо муассисаҳои таълимӣ дар самти назорати ҷиҳози хониши хонандагон, бе китоби дарсӣ ба таълимгоҳ ҳозир шудани хонандагон боиси нигаронии мутахассисон ва коршиносони соҳаи маорифи вилояти Хатлон гардидааст.

Тибқи иттилои мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон оид ба китобҳои дарсӣ Саида Раҳмонова, дар соли таҳсили 2020 – 2021 норасоии китобҳои дарсӣ 13 ҳазору 950 нусхаро дар муассисаҳои таълимӣ ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз фанни забони модарӣ 2000 нусха, аз фанни табиатшиносӣ 600 нусха, забони русӣ 1500 нусха, таърихи халқи тоҷик 1500 нусха, таърихи умумӣ 500 нусха, таълими меҳнат 700 нусха, забони русӣ барои синфи 6-ум 1650 нусха ва барои синфи 7-ум 700 нусха, аз фанни физика 2050 нусха, химия 1000 нусха, забони англисӣ 750 нусха ва аз фанни ҳуқуқи инсон 1000 нусха китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ намерасанд.

Дар ноҳияи Хуросон мушкилии дигаре, ки боиси ташвиши мутахассисон аст, афзоиши қарзи иҷораи китобҳои дарсӣ мебошад. Қарзи китобҳои дарсӣ аз солҳои пешин 604 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки Хуросон дар вилояти Хатлон яке аз ноҳияҳои қарздортарин маҳсуб меёбад. Қарздорони бештари имсолаи китобҳои дарсӣ муассисаҳои таълимии рақамҳои 54, 24 ва 38-и ноҳия мебошад.

Дар соли 2020 китобҳои дарсӣ 45 ҳазору 935 нусха ба муассисаҳои таълимӣ дастрас гардид, ки маблағи умумии онҳо 755 ҳазору 982 сомониро ташкил медиҳад. Маводи таълимӣ бошад, 5050 адад ба маблағи 106 ҳазору 275 сомонӣ дастрас карда шуд, ки дар пешбурди фаъолият ва таълиму тарбияи насли наврас истифода мешавад.

Хайрулло Комилов, омӯзгоре аз ноҳияи Хуросон изҳор дошт, ки барои дар таълиму тарбияи насли наврас муваффақ шудан, мактаб, оила ва ҷамъият дар якҷоягӣ бояд талош намоянд. На танҳо дар рафтору гуфтор, балки дар таъминот бо ҷиҳози хониш ва дигар лавозимоти таълимӣ бетаваҷҷуҳ набошем. Боиси таассуф аст, ки аксаран волидон масъулияти аввалини худро дар таъмин намудани хонандагон бо лавозимоти таълимӣ, сару либос ва ҳозиршавӣ ба муассисаи таълимӣ медонанд. Ин ҳам волидоне, ки  дар фикри омӯзиш ва таълими хуб гирифтани фарзандон ҳастанд. Дар ин миён ҳастанд нафароне, ки нисбат ба таъминот бо лавозимоти таълимӣ ва иштирок дар дарсҳо эътибор намедиҳанд. Як нуктаро бояд қайд намуд, ки хонандаро бо китобу рӯзнома, дафтар, ҷузвдон, ручкаву қалам таъмин кардан як тарафи масъала бошад , дигар тарафи он, назорат аз рӯи истифода ва нигоҳдошти онҳо мебошад. Масалан, хонандагон китобҳои дарсӣ ва рӯзномаҳоро дастрас мекунанд, вале онро мувофиқи талабот нигоҳдорӣ намекунанд. Дар кӯтоҳтарин муҳлат китобҳои дарсиро фарсуда мекунанд.

- Бобати нигоҳдошти ки-тобҳои дарсӣ омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, китобдорон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонанд, аммо ин ҳол на ҳамеша таъсири даркорӣ расонида метавонад. Фикр мекунем, ки ин ҳолат на танҳо аз муассисаи таълимӣ, балки аз тарафи аъзои оила низ назорат карда шаванд, - гуфт Х. Комилов. – Ғайр аз ин, рӯзномаи фарзандашонро назорат намекунанд. Ҳолатҳое мушоҳида мегардад, ки хонанда дар як рӯзи дарсӣ, ки 6 соат аст, ҳамагӣ бо 2 ё 3 китоби дарсӣ ба муассиса ҳозир мешавад. Дар ҳамин шакл дарс мехонанд. Ҳангоме ки сабаби китоби дарсиро наовардани хонандагон пурсон мешаванд, хонанда баҳонаҳои гуногунро пеш меорад. Ин ҳолатҳо барои омӯзгор ва китобдор мушкилӣ эҷод менамояд.

- Муассисаҳои таълимии рақамҳои 61 ва 53-и ноҳияи Хуросон китобхона ва китобдор надоранд. Масъулияти тақсимот ва назорати китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ ба дӯши директорони муассисаҳо вогузор шудааст, - изҳор дошт Саида Раҳмонова. – Дар ноҳия 62 муассисаи таълимӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 1770 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи 30371 нафар хонанда машғуланд. Дар 60 муассисаи таълимӣ 65 нафар китобдор фаъолият намуда, вазъи китобдориро назорату танзим менамоянд. Агар 9 нафар тахассусманд бошанд, пас, боқимонда китобдорон ғайриҳирфаӣ буда, омӯзгорони фанҳои таърих ва ҳуқуқ, забон ва адабиёт ва дигар фанҳо вазифаи китобдорро иҷро мекунанд. 3 нафар бо маълумоти олии ғайриихтисосӣ, 13 нафар маълумоти махсуси ғайрисоҳавӣ ва 40 нафар маълумоти умумӣ, 9 нафар тахассусманданд.

Фарзона Абдуллоева, ки ду фарзандаш дар муассисаи таълимӣ таҳсил мекунанд, изҳор дошт, ки барои хонандагон на ҳамаи китобҳои дарсӣ мерасанд.

Коршиноси соҳа Саидҷаъфар Сафарзода афзуд, ки агар суолгузорӣ кунем, ки чаро ва чӣ гуна маблағҳои классикӣ (маблағи китобҳои дарсӣ аз солҳои пешин) пайдо шуданд, дар ҳоле ки ҳамасола маблағи китобҳои дарсӣ ҷамъоварӣ гардида, пардохт мешуданд. Агар ин маблағҳо ҳамасола пардохт намешуданд ва сол аз сол маблағҳо афзоиш меёфтанд, пас чи гуна китобҳои нав ба нав ба табъ расида, пешниҳоди хонандагон мешуданд? Ё ин ки маблағҳои китобҳои дарсӣ, бадеӣ ва дигар маводи таълимӣ чаро саривақт пардохт намешаванд, дар ҳоле ки волидон пардохт мекунанду аз пардохти пай дар пайи маблағи китобҳо ва нархи гарони онҳо баъзан шикоят мекунанд. Китобҳои дарсӣ гум мешаванд ва ё фарсуда мегарданду ба онҳо эътибор дода намешаванд. Зимни посух гуфтан ба ин суолҳо боз чандин суоли беҷавоби дигар пайдо мешаванд. Аз ин лиҳоз, бо такя ба факту далелҳои ҷойдошта метавон гуфт, ки аксаран китобдорон масъулият ва кори худро танҳо дар тақсим кардани китобҳои дарсӣ ва ҷамъоварии маблағи он медонанду бас. Яъне ба қисмати ҳуҷҷатгузорӣ, назорат аз рӯи истифодаи китобҳои дарсӣ эътибори ҷиддӣ намедиҳанд. Шояд яке аз сабабҳои пайдо шудани маблағи қарзии китоб аз солҳои пешин дар дуруст ҳуҷҷатгузорӣ нашудани онҳо бошад, ки имрӯз ҳам қисман ин ҳолат идома дорад. Ба масъалаи тақсимот, нархгузорӣ ва ҳолати китобҳое, ки соли иҷоравиашон анҷом ёфтааст, эътибор дода намешавад. Дар вилояти Хатлон китобдорон ба омӯзиши махсус ниёз доранд. Китобдорони муассисаҳои таълимӣ ниёзи ҷиддӣ доранд. Бояд гуфт, ки дар семинар, вохӯрӣ ё омӯзишҳо танҳо мушовири китоб аз шуъбаи маориф иштирок мекунад. Дар аксари ин ҷамъомадҳо масъалаи маблағ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад.

Гумон дорам, ки дар чунин шакли корбарӣ дар даҳсолаи охир мушкилоти китобдориро шояд ҳал карда натавонем. Зеро агар 3 соли охирро таҳлил кунем, ғайр аз пулҷамъкунии китобҳои дарсӣ дигар муваффақияти ҷиддӣ надорем. Шояд китобдорони тахассусманд дар шаҳру ноҳияҳо аз 1 нафар ба 3 нафар расидааст. Калимаи тахассусманди соҳа маънои онро надорад, ки онҳо пурра соҳаро медонанд ва аз ҳамаи паҳлуҳои соҳаи китобдорӣ бархӯрдоранд. Яъне, онҳо низ ба омӯзиш ниёз доранд, - гуфт С. Сафарзода. – На танҳо бо китобдорони шуъбаҳои маориф, балки бо китобдорони ҳар як муассисаи таълимӣ кор бурда шавад. Бояд ба масъалаи ба вазифаи китобдор таъйин гардидан ва аз вазифа озод шуданашон диққат дода шавад. Зеро аксаран китобдорон пас аз омӯзиш ва ё каме маълумоти китобдорӣ пайдо намуданашон дар муассисаи таълимӣ иваз карда мешаванд. Боз зарур меояд, ки аз сифр китобдори нав омода карда шавад, ки боз ӯро низ иваз менамоянд. Албатта, дар чунин вазъ пеш рафтан мушкил аст. Мушкилии дигар дар он аст, ки ба соҳаи китобдории муассисаи таълимӣ аҳамияти ҷиддӣ дода намешавад ва аксаран нафарони бетаҷриба ё тасаввуротнадошта дар вазифаи китобдор кор мекунанд. Ҳамин гуна соҳаи китобдории муассисаҳои таълимӣ мушкилиҳои зиёде дорад, ки барои ҳаллу фаслаш бояд масъулини соҳа таҳлили ҷиддӣ карда, фаъолиятро дуруст ба роҳ монанд. Шояд дар чунин маврид қадамҳои устувор гузошта тавонем ва ин соҳаро рушд бахшида, ба гунаҳгор кардани якдигар хотима бахшем.

 Лозим ба ёдоварист, ки масъалаи китоб ва мушкилоти китобдории муассисаҳои таълимӣ на танҳо дар ноҳияи Хуросон, балки дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон нигаронкунанда боқӣ мемонад.

 

С. АЗИЗӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш