Яке аз самтҳои ҳамкории байналмилалии донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дар доираи Донишгоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад. Ҳоло 10 донишгоҳи Тоҷикистон, аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон узви ДСҲШ мебошанд.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар асоси фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №1569 аз 30 июли соли 2009 дар самти “Минтақашиносӣ” дар доираи Донишгоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай фаъолияти худро оғоз намуд.
Созишнома оид ба узвияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ин созмон 26 апрели соли 2010 ба имзо расида буд.
Дар доираи Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай 6 шартнома ва 2 меморандум дар бораи рушди ҳамкории илмӣ-таълимӣ ва инкишофи самтҳои ҳамкорӣ дар доираи ИДМ ва СҲШ ба тасвиб расиданд. Бояд қайд намуд, ки ин меморандумҳо аз тарафи намояндагони донишгоҳҳои 10 давлат имзо карда шуданд ва мақсади асосии онҳо фаъол намудани ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи устодон ва донишҷӯён дар доираи Донишгоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад.
20-23 майи соли 2014 дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия ҳафтаҳои маорифи ДСҲШ-и «Таҳсилоти беҳудуд» баргузор гардид, ки дар он ҳамчун намояндаи масъули донишгоҳ муовини ректор оид ба илм, дотсент А.А.Орипов иштирок намуд. Дар рафти ин вохӯрӣ муаммоҳои асосии фаъолияти ДСҲШ таҳлил ва натиҷаи суратҷаласа дар хусуси самтҳои ҳамкорӣ дар доираи ДСҲШ муайян карда шуданд.
Аз моҳи сентябри соли 2014 донишгоҳ имконият пайдо намуд, ки дар доираи Донишгоҳи СҲШ дар самти “Иқтисодиёт” низ табодули академиро ба роҳ монад. Дар ин самт Донишгоҳи давлатии Олтой ва Донишгоҳи федералии Урал дар масъалаи тайёрӣ ва табодули магистрантон ба роҳ мондани ҳамкориҳоро ба нақша гирифтанд.
6-9-уми октябри соли 2014 дар шаҳри Барнаул (Федератсияи Россия) ҳафтаҳои маорифи ДСҲШ-и «Таҳсилоти беҳудуд» баргузор гардид, ки дар он ректори вақти донишгоҳ Ҷӯрабоев Ҷ.Ҳ. иштирок намуд. Дар натиҷаи он донишгоҳ, ки солҳои қаблӣ дар самти “Минтақашиносӣ”-и ДСҲШ фаъолият мебурд, дар доираи “Иқтисодиёт”-и ДСҲШ ба қайд гирифта шуд.
Ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи барномаи магистрии Донишгоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай аз моҳи майи соли 2014 фаъол аст. Дар соли хониши 2014-2015 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия бурсияҳо барои хатмкунандагони донишгоҳҳои шарики Тоҷикистон ҷудо карда шуданд. Барои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 3 бурсия аз ҷониби Донишгоҳи федералии Урал ба номи Б.Н. Елтсин барои таҳсил дар магистратура аз рӯи ихтисоси «Минтақашиносии хориҷӣ» дода шуда буд. Интихоби донишҷӯён барои пешниҳоди бурсияҳои ҷудошуда дар шакли озмун ба роҳ монда шуда, 2 номзад барои соли хониши 2014-2015 Илҳомҷон Рустамов ва ҳаётулло Аюбов интихоб шуданд ва таҳсилро дар магистратураи Донишгоҳи федералии Урал идома доданд.
Ҳар сол аз ҷониби донишгоҳҳои шарик барои татбиқи ҳамкории самарабахши онҳо шумораи бурсияҳо зиёд карда мешаванд.
Моҳи октябри соли 2014 пас аз ҷамъбасти Ҳафтаи маорифи СҲШ, ки дар шаҳри Барнаул дар Донишгоҳи давлатии Олтой баргузор гардид, созишномаи ҳамкорӣ (самти “Иқтисодиёт») бо донишгоҳи зикршуда ба тасвиб расид. Бо мақсади амалигардонии ин созишнома, байни донишгоҳҳо барномаи таълимии магистрантон дар ихтисоси «Иқтисодиёти бозорҳои Осиё» мувофиқа карда шуд.
Моҳи феврали соли 2015 марҳилаи нави дархостҳо барои истифодаи бурсияҳо ҷудо карда шуд. Дар марҳилаи мазкур 3 бурсия аз тарафи Донишгоҳи давлатии Олтой аз рӯи ихтисоси «Иқтисодиёти бозорҳои Осиё» ва 1 бурсия аз тарафи Донишгоҳи Урал аз рӯи ихтисоси «Минтақашиносии хориҷӣ» ҷудо карда шуд. Дар натиҷаи таҳлили ҳуҷҷатҳои хатмкунандагон, 3 нафар донишҷӯ - Зарифҷон Сайфуллоев аз рӯи ихтисоси “Минтақашиносии хориҷӣ”, Ҷасур Ҷумаев ва Зуфар Қосимов барои ихтисоси “Иқтисодиёти бозорҳои Осиё” ҳуҷҷатҳои худро барои озмун пешниҳод намуданд ва баъд аз бомуваффаққият гузаштан аз озмун таҳсили худро дар донишгоҳҳои номбурда идома доданд.
Шурӯъ аз соли 2016 ҳамкорӣ бо Донишкадаи федералии Урал дар самти «Иқтисодиёт» ба роҳ монда шуд.
Соли 2016 барои донишҷӯёни ДДҲБСТ бо мақсади таҳсил дар донишгоҳҳои олӣ ба 5 донишҷӯ 3 бурсия аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Олтой аз рӯи ихтисоси «Иқтисодиёти бозорҳои Осиё» ва 2 бурсия аз ҷониби Донишгоҳи федералии Урал бо ихтисоси «Иқтисодиёти ҷаҳон» ҷудо карда шуд.
Бо мақсади рушди ҳамкориҳо дар ин соҳа, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ А.Ҳ.Ҷӯраев ҳамчун намояндаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Ҳафтаи XI таҳсилоти давлатҳои узви СҲШ «Таҳсилот бидуни сарҳад», ки рӯзҳои 25-27 апрели соли 2017 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуд.
Барои соли таҳсили 2018-2019 дар натиҷаи муҳокимаи масъалаи сафарбар намудани хатмкунандагони донишгоҳ ба донишгоҳҳои мазкур ва дар натиҷаи озмуни бурсияҳои Федератсияи Россия аз тарафи Донишгоҳи давлатии Олтой барои донишгоҳ 4 бурсия ва аз тарафи Донишгоҳи федералии Урал 5 бурсия ҷудо карда шуд. Бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ аввалин маротиба барои таҳсил дар Донишгоҳи федералии Урал на танҳо магистрантон, балки аспирантон, аз ҷумла, устодони донишгоҳ интихоб гардиданд.
19 майи соли 2018 онлайн-форуми донишҷӯён дар мавзӯи «Россия - Тоҷикистон-Қазоқистон-Қирғизистон: ташкили шароити муосид барои таҳсилот: муаммоҳо ва роҳҳои пешгирии онҳо» баргузор гардид.
22-24-уми майи соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии шаҳри Белгороди Федератсияи Россия бо иштироки намояндагони ҷамъиятҳои ҷавонони СҲШ, Россия, ҷамъияти донишҷӯёни умумироссиягӣ, Президенти Ассотсиатсияи донишҷӯёни бизнес-инкубаторҳои Россия, директори маркази барномаҳои байналмилалии ҷамъияти ҷавонони Россия ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятию тиҷоратӣ Форуми III ҷавонони донишгоҳҳои давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай – 2018 баргузор гардид. Бо назардошти шомил будани донишгоҳ ба ин созмон, мудири бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инноватсионӣ, дотсент Алишер Қурбоналиев барои иштирок дар форум даъват гардид.
Дар чорабинии мазкур масъалаҳои марбут ба самти таълим – ташкил намудани курсҳои онлайн оид ба соҳибкории байналамилалӣ, соҳибкории инноватсионӣ ва ҷойгир намудани онҳо дар портали махсус, коркарди барномаҳои таълимии нав ва иловагӣ дар самти тиҷорат, барномаҳои муштараки магистрӣ ва барномаҳои таълимӣ барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос бо соҳиб шудани ду диплом, дар самти илм ва инноватсия – масъалаҳои андешидани чораҳо оид ба зиёд намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар фазои давлатҳои СҲШ, ташкили марказҳои илмӣ-тадқиқотии байналмилалӣ оид ба ҳалли лоиҳаҳои илмӣ дар СҲШ, ташкили корхонаҳои муштараки хурди илмӣ, бо ҷалби созмонҳои байналмилалии ҷавонон, бизнес-инкубаторҳо ва ширкатҳои тиҷоратӣ дар коркарди лоиҳаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, дар самти гуманитарӣ - дар фазои донишгоҳҳои СҲШ ташкили ҷамъияти донишҷӯён, марказҳои муносибатҳои байналмилалӣ, созмонҳои волонтёрӣ, мусоидат намудан дар татбиқшавии лоиҳаҳое, ки барои шиносоии муҳассиллин бо фарҳанги халқҳои давлатҳои СҲШ баррасӣ шуданд.
22-23-юми ноябри соли 2018 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон XII Ҳафтаи маорифи давлатҳои узви СҲШ «Таҳсилоти бемаҳдуд» баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои асосии фаъолияти ташкилоти мазкур ва самтҳои рушди ҳамкориҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар форум намояндагони ДДҲБСТ бо роҳбарии муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Д.Д.Бобоҷонов иштирок намуд. Дар мизи мудаввар намояндагони давлатҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии халқии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд. Ҳайати вакилон дар фаъолияти гурӯҳҳои корӣ аз рӯи самтҳои “Нанотехнология”, “Педагогика”, “Технологияи иттилоотӣ”, “Иқтисодиёт”, “Минтақашиносӣ”, “Экология” ва “Энергетика” корҳои илмию амалиро ба роҳ монданд.
25-26-уми апрели соли 2019 дар Донишгоҳи гуманитарии Бишкек ба номи К.Карасаеваи Ҷумҳурии Қирғизистон Форуми байналмилалии омӯзишӣ таҳти унвони “Як камарбанд як роҳ: ҳамгироии илм ва маориф дар асри ХХI” баргузор гардид. Дар кори форум муовини ректор оид ба корҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Д.Д.Бобоҷонов иштирок ва дар мавзӯӣ “Таҳсилоти фосилавӣ ҳамчун намуди муосири таълим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: муаммо ва дурнамо” маърӯза намуд. Дар ҷараёни кори форум намояндагони беш аз 10 кишвари дунё иштирок намуда, дар бахшҳои алоҳида зиёда аз 20 маърӯза шунида шуд. Форуми мазкур дар густариши ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ дар фазои таҳсилот, илм, варзиш, коммуникатсия ва сайёҳӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии иштирокчии форум заминаи мусоид фароҳам оварда, дар доираи гуфтугӯйи ҳамкориҳои минбаъдаи илмиву таҳқиқотӣ ба анҷом расид.
24-26-уми майи соли 2019 дар шаҳри Тсиндао (Ҷумҳурии мардумии Чин) Форуми байналмилалии иқтисодиёт ва тиҷорати байналхалқӣ баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Т.Р.Ризоқулов ва директори парки технологӣ А.С.Маҳмудов иштирок доштанд.
Дар XII Ҳафтаи маорифи давлатҳои узви СҲШ «Таҳсилоти бемаҳдуд» якчанд масъала ҳаллу фасли худро ёфт, аз ҷумла, харитаи роҳи чорабиниҳои асосии Донишгоҳҳои СҲШ дар давраи солҳои 2019-2020 қабул карда шуд. Инчунин, аз гурӯҳи кории ташхисӣ дархост карда шуд, ки механизми имконпазири дастгирии молиявии баландбардории тахассус ва сатҳи касбияти омӯзгорону ҳайати роҳбарикунандаи Донишгоҳи СҲШ-ро коркард намоянд.
6-уми феврали соли 2020 дар асоси шартномаи ҳамкории ДСҲШ байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи федералии Урали Федератсияи Россия ба донишгоҳи мо магистранти ихтисоси муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи федералии Урали Федератсияи Россия Мамин Никита Викторович ташриф овард. Таҳқиқоти илмии магистрант Н.В.Мамин ҳамкориҳои донишгоҳҳои Федератсияи Россияю Тоҷикистон ва Маркази илмиву фарҳангии Россияро дар бар мегирад. Дар суҳбат, инчунин, масъалаҳои густариш додани ҳамкориҳо байни донишгоҳамон бо Донишгоҳи федералии Урал ва масъалаҳои гузаронидани таҳқиқотҳои илмии муштарак баррасӣ гардиданд.
Соли таҳсили 2020-2021 бурсияҳо дар доираи магистратураи ДСҲШ аз тарафи Донишгоҳи давлатии Олтой ва Донишгоҳи давлатии Урал пешниҳод карда шуданд.
18 август Форуми дувуми байналмилалии тиҷорат оид ба рушди рақамисозӣ ва аввалин конфронси ҷаҳонии тиҷорати электронӣ бо ташаббуси Кумитаи махсус оид ба иқтисодиёти рақамӣ ва тиҷорати рақамӣ дар назди Ҷамъияти таҳқиқотии СУС (Созмони Умумиҷаҳонии Савдо) дар Чин бо Маркази созмони Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором ва маркази инноватсия ва рушди тиҷорати байнисарҳадии электронӣ ва рақамӣ бо роҳбарии ташкилот ва Ассотсиатсияи радиову телевизиони Чин баргузор шуд.
Президенти Ассотсиатсияи таҳқиқотии Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратии Чин Чонг Куан, Президенти Федератсияи созмонҳои ҷамъиятии радио ва телевизиони Чин Фан Вейпинг ва Раиси Ҷамъияти тиҷорати байналмилалии Чин Ҷин Сю дар конфронс иштирок ва суханронӣ карданд. Дар форуми мазкур, инчунин, намояндагони вазорати савдо, коршиносон, олимон ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ба таври онлайн даъват шуда буданд.
Дар конфронс ба масъалаҳои савдои ҷаҳонӣ дар замонӣ сирояти коронавирус ва платформаҳои нави тиҷорати электронии ҷаҳонӣ ва раванди (тамоюлҳои) нави тиҷорати рақамӣ диққати махсус зоҳир карда шуд.
Муъмин ШАРИФЗОДА,
ректори Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
сиёсати Тоҷикистон,
профессор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр