Нашрияи Омӯзгор

Иқтисодиёт - сарчашмаи рушд

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии факултаи иқтисодиёти саноатӣ ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Иқтисодиёт ҳамчун сарчашмаи рушди инсоният” баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Абдусафо Умарҷонов, деканҳои факултаҳо ва омӯзгорон ширкат варзиданд.

Бахтиёр Маҳмадалӣ нақши иқтисодчиёнро дар пешрафти иқтисодиёти кишвар назаррас арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки бахши иқтисоди миллии мо имрӯз хеле рушд кардааст. Феълан дар ҷаҳон чанд навъи иқтисодиёт мавҷуд аст, ки аксари онҳо имрӯз дар ҳоли омӯзиш ва баҳодиҳӣ қарор доранд. Аммо  иқтисодиёти рақамӣ дорои бартарии комил мебошад.

Декани факултаи иқтисодиёти саноатӣ Мустафохон Саидов дар мавзӯи “Мавқеи илми иқтисодӣ барои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ”, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Воҳидҷон Облоқулов дар мавзӯи “Ҳадаф ва рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дотсенти ҳамин кафедра Шукринисо Собирова дар мавзӯи “Нақши ҷомеа дар рушди иқтисодиёти сабз” баромад намуда, ба суолҳои ҳозирин посух гуфтанд.

М. Сайидзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш