Нашрияи Омӯзгор

Вусъати бунёдкориҳо дар кишвар

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Дар гӯшаву канори мамлакатамон корҳои ободонию бунёдкорӣ бомаром идома дошта, садҳо биноҳои наву замонавӣ бунёд гардида истодаанд. Соли равон 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил ва симои кишварамон ба таври чашмгир дигаргун мешавад, ки дар ин миён даҳҳо муассисаҳои нави таълимӣ мавриди баҳрабардории аҳли маориф (бо тамоми шароити замонавӣ) қарор гирифтанд. Дар ҳар сафарҳои кориашон ба шаҳру навоҳии мамлакат Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои таълимиро ба истифода медиҳанд, ки ин аз дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиқистон қарор доштани соҳаи маориф шаҳодат медиҳад. Шоистаи таъкид аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи соҳибкорон ба сохтмони муассисаҳои томактабию миёнаи умумӣ зиёд шудаааст, ки ин ба баланд гардидани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат мекунад.

Дар чунин шароит таҳсил намудани хонандагон имкон медиҳад, ки онҳо ба омӯзишу мутолиа таваҷҷуҳи бештар намоянд ва донишҳои муосирро ба таври фарогир азхуд кунанд. Дар ин замина соли сеюм аст, ки баҳри омӯзишу мутолиа ҷалб намудани хонандагон озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад, ки ба рушди маънавии хонандагон мусоидат мекунад. Чунин бунёдкориву созандагиҳо ба ҳамдигар робитаи ногусастанӣ дошта, аз омӯзгорон талаб мекунад, ки масъулияти бештарро дар тарбияи хонандагон эҳсос намоянд.

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ силсилаи асарҳои бадеӣ ба нашр расиданд, ки  фонди китобхонаҳои мактабиро ғанӣ намудаву дастрасӣ ба осори безаволи адибони тоҷик ва ҷаҳонро барои хонандагон осон кард. Имрӯз муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои бадеӣ таъмин ва тамоми шароит барои омӯзиш фароҳам оварда шудааст ва  дар ин самт моро зарур аст, ки хонандагонро ба мутолиа шавқманд намоем. Бинобар ин, бояд дар раванди дарс омӯзгорро мебояд, ки дар бораи аҳамияти омӯзиши асарҳои бадеӣ ба хонандагон маълумот диҳад ва китобҳои ба синну соли онҳо мувофиқро барои мутолиа тавсия намояд. Ин омил, агар аз як тараф, хонандагонро ба омӯзишу мутолиа ҷалб намояд, аз ҷониби дигар, донишу ҷаҳонбинии онҳоро васеъ мегардонад.

Аз ин рӯ, мо-омӯзгоронро зарур аст, ки бо масъулият ва таваҷҷуҳи бештар дар тарбияи насли созандаи даврон саҳми босазо гузорем.

Гулноза ҒАФУРОВА,

омӯзгори

синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш