Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши воситаҳои техникии таълим – талаби замон

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Бо ташаббуси  Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ   ва коммуникатсия ва бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи   тиҷорати Тоҷикистон семинари  машваратӣ дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани саводнокии иттилоотӣ – коммуникативӣ дар пешрафти таълим» бо иштироки як  қатор  роҳбарони марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, омӯзгорони  мактабҳои олӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, миёнаи умумӣ  дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид.

Муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён ҳангоми ифтитоҳи чорабинӣ  иқдоми маркази номбурдаро пурманфиат арзёбӣ кард. Муовини аввали вазир аз таъкидҳои Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар Паёми имсола (26. 01. 2021) доир ба ин масъала ёдовар шуд. Чунонки Роҳбари давлат ҳушдор дода буданд, «Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо  ва  зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ  ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад». Ин чорабинӣ ҳам аз амалӣ кардани супоришҳои Роҳбари давлат дарак медиҳад.

Директори маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия Киромуддин Назаров иттилоъ дод, ки чунин семинарҳо дар минтақаҳои Хатлон, Суғд ва Кӯлоб низ баргузор гардиданд. Вай афзуд, ки барои ба роҳ мондани омӯзиши воситаҳои техникӣ ҳамасола аз тарафи давлат маблағҳои зиёде ҷудо мегардад. Вазифаи мо аз он иборат аст, ки онҳоро мақсаднок истифода бурда,  барои баланд бардоштани фарҳанги техникӣ замина гузорем.

Дар семинар – машварат Маҳмарасул Қурбонов – дотсенти ДТТ, Ҳалима Қаюмова – омӯзгори калони кафедраи барномасозӣ ва муҳандисии компютерӣ ва муҳандис оид ба системаҳои лоиҳакашии ДТТ, Нуралӣ Шарифов – мудири шуъбаи автоматикунонии раванди таълими ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ ва дигарон оид ба  аҳамияти технологияи информатсионӣ  ва коммуникатсия дар рушди ҷомеа, такмили малакаҳои  истифодабарии усулҳои рақамӣ ва инноватсионӣ дар раванди таълим, технологияҳои иттилоотӣ дар идоракунии раванди таълими муассисаи таҳсилоти олии касбӣ андешаронӣ карданд.

Иштирокдорони семинар – машварат ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, тарзи сохтани барномаҳои хурдро бо истифода аз забонҳои барномарезӣ муаррифӣ намуданд. Дар фарҷом ба ҳар як иштирокчӣ дастурамалҳо оид ба харидории таҷҳизоти техникӣ ва истифодаи дурусти тахтаи электронӣ, низомнома ва шиносномаи кабинети технологияи иттилоотӣ тақдим гардид, то ки ҳангоми харидории воситаҳои техникии  таълим ва истифодаи пурсамари он маълумоти кофӣ пайдо намоянд.     

 

Ҳотами  ҲОМИД,

«Омӯзгор»      


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш