Нашрияи Омӯзгор

Истилоҳоти забоншиносӣ дар китобҳои дарсӣ

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 826        Шарҳ: 0

 

9 апрели соли равон бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Истилоҳоти забоншиносӣ ва мавқеи онҳо дар китобҳои дарсии забони тоҷикии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» баргузор шуд.

Дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадзода, муовини директори маркази номбурда Абдухолиқ Абдуллоев, корманди Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ, профессор Ҳасани Султон, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Зулфониён, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Сайдамир Аминов, сармуҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» Саида Набизода, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ширкат ва суханронӣ карданд.

Муҳаммаддовуд Саломиён ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, афзуд, ки имрӯз мо бо ҳам омадем, то бо истифода аз фикру мулоҳиза ва пешниҳоду андешаҳои созандаи худ тавонем, ки низоми ягонаи истифодаи истилоҳоти забоншиносиро дар китобҳои дарсии забони тоҷикӣ амалӣ намоем... 

Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадзода иброз дошт, ки фаро гирифтану дар хотир нигоҳ доштани истилоҳ дар таълим бисёр муҳим аст. Аз ин рӯ, омӯзгоронро лозим аст, ки роҳҳои муносиби самараноки таълими истилоҳро ҷустуҷӯ кунанд. Олимони соҳаи педагогикаро мебояд ба хотири хуб фаро гирифтани хонандагон ва дарки беҳтари муҳтавои назарияи фанҳои таълим дар робита ба ошкор сохтани роҳҳои беҳтари таълими истилоҳот тадқиқотҳои бунёдӣ анҷом диҳанд.

Ба гуфтаи Ҳасани Султон, истилоҳоти марбут ба дастури забон ва забоншиносӣ дар забони модарии мо таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Нахустин падидаҳои истилоҳнигории забоншиносиро метавон дар осори Шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино, бахусус, дар «Донишномаи Алоӣ»-и ӯ ба мушоҳида гирифт. Устод Садриддин Айнӣ аз шеъру сухани баланд забон омӯхтани худро борҳо таъкид кардааст.

Саида Набизода зимни ироаи маърӯзаи хеш қайд кард, ки донишмандони маъруф Сайфиддин Назарзода бо номи «Забон ва истилоҳот», Ҳасани Султон бо номи «Истилоҳоти тоҷикӣ» китобҳо чоп кардаанд, қисман мақолаҳои алоҳида ба табъ расида, дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маркази тарҷумонӣ» ва «Пажӯҳишгоҳи истилоҳшиносӣ ва фарҳангнигорӣ» барин марказҳо низ таъсис ёфта, ҳамзамон, дар ин самт баъзе корҳо ба анҷом ҳам расидаанд. Аммо тавре корманди масъули кумита Раҳим Зулфониён мегӯяд, «мутаассифона, дар забони тоҷикӣ истилоҳсозӣ ва истилоҳшиносӣ имрӯз наметавонад бо пажӯҳишҳои густурда ва амиқи назарии худ ифтихор кунад. Мушкил он аст, ки то ҳол заминаи рушду инкишофи ин ришта ба қадри лозима фароҳам нашудааст»…

Абдухолиқ Абдуллоев зикр кард, ки китоби дарсии «Забони модарӣ» барои синфҳои ибтидоӣ, ки айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавриди истифода қарор дорад, бо дарназардошти истифода аз усулҳои интерактивӣ таҳия шудааст. Бо ҳама кӯшиш ва талоше, ки аз ҷониби муаллифон дар раванди таҳияи китобҳои дарсӣ баҳри расидан ба ин ҳадаф ба харҷ дода шудааст, баъзе ғалату нуқсонҳо дар маводи китоб роҳ ёфтаанд. Аз ҷумла, масъалаҳои баробарии гендерӣ ба назар гирифта нашудааст, дар китоб баъзан матнҳое ҷой дода шудаанд, ки арзиши ғоявӣ надоранд…

Раҳим Зулфониён таъкид кард, ки риоя накардани аломати тире ва нимтире (дар ҳамаи китобҳо), бемавқеъ гузоштани аломатҳои китобат, ҷой доштани ғалатҳои техникӣ ва имлоӣ, услубӣ ва мантиқӣ, корбурди истилоҳи бегона ва ғайримеъёр, номутобиқатии аксҳо, ғалатҳо дар имлои ному ҷашну рӯзҳои ид, мувофиқат накардани мавзӯъ ба матнҳо ва ғайра, камбудии асосии муаллифон ва мураттибони китобҳои дарсӣ ба ҳисоб меравад.

Сипас, иштирокдорон – мутахассиси пешбари раёсати таъминоти методии сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Гулчеҳра Файзалиева, узви вобастаи АТТ Сайдамир Аминов, мудири шуъбаи фанҳои филологияи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ Шаҳло Абдуализода, аспиранти Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Сурайё Шердилова, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Зоҳид Қурғонов, омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷики гимназияи иқтисодии шаҳри Душанбе Муҳаббат Мирзоева ва омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби 8-и ноҳияи Хуросон Хӯҷамқул Гулов маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод карданд.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш