Нашрияи Омӯзгор

Санади муҳим ва раҳнамо

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

9-уми апрели соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар оид ба муаррифии «Стратегияи  миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид.

Дар семинари мазкур Муҳаммаддовуд Саломиён-муовини якуми вазири маориф ва илм, Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва илм, Алберто Бианколӣ - роҳбари бахши маорифи ЮНИСЕФ, сардорони раёсату шуъбаи дастгоҳи марказии вазорат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шарикони рушд ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Дар оғоз М. Саломиён таҳия ва мавриди амал қарор додани “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро дар соҳаи маориф ва илми кишвар иқдоми саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ намуд. Стратегияи мазкур нақши маорифро ҳамчун манбаи асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони он муайян намуда, вазъи ҷории соҳаи маориф, мушкилоту талаботи он, инчунин, мақсаду вазифаҳои рушди маорифро тавсиф мебахшад.

Сипас, Нуралӣ Собирзода изҳор дошт, ки Вазорати маориф ва илм “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро бо мақсади амалӣ намудани  ислоҳоти соҳаи маориф ҷиҳати ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, мутобиқ намудани фаъолияти низоми маорифи кишвар ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот, таҳкими заминаи ҳуқуқии рушди бомароми соҳаи маорифи мамлакат таҳия намудааст. 

Ҳамчунин, таҳиякунандагони “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030” мақсади асосии онро  бунёди низоми самараноки соҳаи маориф, ки имкониятҳои инклюзивӣ ва баробар, инкишофи қобилият, рушди интеллектуалӣ, шуғли кор кардан ва беҳтар намудани некуаҳволии умумии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд, унвон доданд.

Шарикони рушд, дар навбати худ, омодагии ҳамаҷонибаи худро дар самти кумак баҳри амалигардонии ин стратегия ва расидан ба ҳадафҳои муштарак, ки рушди бемайлони соҳаи маориф ва илми кишвар аз он қабил ба ҳисоб меравад, баён намуданд.

Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2021-2023 намунаи бомуваффақияти ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд мебошад. Ин санадҳои барои кишвар калидӣ барои рушди устувор ва бесобиқа ҳадафҳои возеҳ мегузоранд ва натиҷаҳои ба даст овардашударо муайян мекунанд.

- ЮНИСЕФ минбаъд ҳам бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамкориро идома хоҳад дод ва сафарбаркунии захираҳоро барои дастрасӣ ба таҳсилоти босифат барои ҳама дастгирӣ хоҳад кард, -иброз дошт Алберто Бианколӣ- роҳбари бахши маорифи ЮНИСЕФ.

Бадриддин Музаффарзода - сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳи маориф ва илми Вазорати маориф ва илм оид ба давра ба давра амалӣ гардонидани бандҳо ва талаботи умумии стратегия, мақсаду маром аз таҳия ва амалигардонии он, барномаҳои миёнамуҳлат ва нақшаи чорабиниҳо, натиҷа ва интизориҳои ояндаи ислоҳот дар соҳаи маориф ва илм, Қутбиддин Муҳиддинзода - сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати  маориф ва илм вобаста ба зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, Фирӯза Асфияева - сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии вазорат доир ба зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Наврӯз Мирзозода - муовини сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ дар бораи зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ изҳори андеша намуданд. 

 

Суннатуллоҳи Мирзо,

мутахассиси Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш