Нашрияи Омӯзгор

Хурсандӣ дар Чаманоро

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 775        Шарҳ: 0

 

8 апрел зимни боздиди корӣ аз шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чойхонаи “Чаманоро”-и маркази шаҳр ба 110 нафар кӯдаки ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ оростанд.

Туҳфаҳои Роҳбари давлат аз сару либоси маҷмӯии баҳорӣ, аз ҷумла, шиму костюм, куртаҳои бачагонаву духтарона, пойафзол, боронӣ, ҳамчунин, ширинӣ, китобҳои гуногун ва кумаки молии яквақта дар ҳаҷми 1000 сомонӣ иборат буд. Кӯдакон ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Дар шаҳри Истаравшан як Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор амал мекунад ва он айни замон 88 нафар кӯдакро ба тарбия ва парасторӣ фаро гирифтааст. Аз 110 нафар кӯдаке, ки соҳиби туҳфаҳои Пешвои миллат гардиданд, 88 нафарашон бошандагони ҳамин Мактаб-интернат мебошанд.

Ҳангоми суҳбат бо кӯдакон, Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон аз муҳимтарин самтҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва давлат барои беҳтар кардани шароити зисту зиндагонӣ, таълиму тарбия ва ба камол расонидани ин табақаи ниёзманд ҳамаи имконияту воситаҳоро истифода менамояд, то дар ҷумҳурӣ ҳеҷ як ятим ё бепарасторе худро яккаву танҳо ҳис накунад.

Кӯдакон ҳам дар навбати худ аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, махсусан, таваҷҷуҳи зиёд ва ғамхориҳои доимии Пешвои миллат изҳори хушнудӣ намуда, ваъда доданд, ки маслиҳату машварат ва насиҳатҳои падаронаи Роҳбари давлатро сармашқи кору зиндагӣ қарор медиҳанд ва барои дар ҷамъият шахсияти худро сохтану шинохтан талоши бештар менамоянд.

President.tj

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш