Нашрияи Омӯзгор

Вохӯрии судманд

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

 

9 апрел дар деҳаи Сангтӯдаи деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумии рақами 74-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он барои 840 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, масоҳати умумии заминҳои он як гектарро ташкил медиҳад. Бинои таълимӣ аз се ошёна бо 14 синфхона, аз ҷумла, синфхонаҳои умумӣ ва фаннии таълимӣ, инчунин, утоқҳои корӣ барои омӯзгорон, иборат мебошад.

Синфхонаҳои фаннии физика, химия, математика, биология, технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат бо таҷҳизоту аёниятҳои замонавӣ, аз ҷумла, тахтаи электронӣ ва дастгоҳҳои озмоишӣ таъмин буда, барои хонандагон шароити мусоиди аз худ кардани дониш мавҷуд мебошад.

Дар ду синфхонаи технологияи иттилоотӣ 16 компютери муосир насб гардидааст. Дар китобхонаи анъанавӣ ва ҳам электронӣ асосан адабиёти фаннӣ ва бадеӣ мавҷуд мебошад. Китобхона дар ошёнаи дуюми бинои дигари иншооти навбунёд ҷой дода шудааст. Дар ошёнаи якуми бино, толори варзиш ташкил гардида, бо лавозимот барои бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва мусобиқаҳои тан ба тан таъмин мебошад. Сокинони деҳаи Сангтӯда иброз медоранд, ки аз сабаби дур будани муассисаи таълимӣ қаблан хонандагон душворӣ мекашиданд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин боргоҳи муҳташами таълимӣ мушкили онҳо аз байн рафт. Ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи дуюми сохтмон бунёди боз як бинои дигар ба нақша гирифта шуда, дар он ҷойгир намудани маҷлисгоҳ бо 200 ҷои нишаст ва ошхона барои 80 нафар дар назар аст.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш