Нашрияи Омӯзгор

Ҳамгироӣ дар фанҳо

Сана: 2018-07-19        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Ҳангоми таълими ин ё он мавзӯъ роҳҳо ва усулҳоеро ҷустуҷӯ карда ёфтан лозим аст, ки хонандагони ҷудогона аз танбалӣ ва фориғболӣ дур гардида, дар рафти дарс бетараф набошанд.

Ба мо, омӯзгорон, лозим аст, ки шавқу завқи онҳоро нисбат ба дарс бедор карда тавонем.

Аз таҷрибаи омӯзгории худ ба хулосае омадам, ки алоқамандии фанҳои таълимӣ дар мактаб яке аз усулҳои муҳимми дидактикӣ буда, дар он ташаккули ҷаҳонбинӣ ва мустаҳкам гардидани  дониши хонандагон нақши асосӣ мебозад. 

Ҳангоми гузаронидани дарс доимо кӯшиш мекунам, ки хонандагон дониши аз фанҳои дигар гирифтаашонро ба ёд оранд, то ки омӯхтани мавзӯъҳои забон ва адабиёти тоҷик дар заминаи он донишҳо осон гардад.

Дар вақти таълими мавзӯи аъзоҳои ҷумла ба хонандагон супориш дода мешавад, ки аз дохили синф ё берун ашёҳоеро ёбанд, ки ба саволҳои мубтадо, хабар муайянкунанда ва ғайра ҷавоб шаванд. Хонандагон ин ашёро меёбанд ва ба онҳо савол мегузоранд. Шогирдон дар дарсҳои забони русӣ ва англисӣ ин ашёҳоро аз бар намудаанд, пас, онҳоро ба забони русӣ ва англисӣ тарҷума мекунанд. Онҳо ба осонӣ аз уҳдаи ин кор мебароянд.

Синф  ба гурӯҳҳо ҷудо карда мешавад: гурӯҳи «Ҳушёр», «Зирак» ва  «Доно». Супоришҳо дода мешаванд:

Гурӯхи якум : Бояд аломат ва хусусияти ашёҳои синфро ба забони тоҷикӣ баён кунанд.   

Гурӯҳи дуюм: Аломат ва хусусияти ашёи синфро бо забони русӣ номбар кунанд.

Гурӯҳи сеюм бошад, аломат ва хусусияти ашёҳоро ба забони англисӣ  тавзеҳ  медиҳанд.

Ё дар вақти гузаронидани мавзӯъҳои ҳиссаҳои нутқ, ҳамсадоҳои ҷарангдор ва беҷаранг  аз хонандагон мепурсам, ки шумо ин мавзӯъҳоро дар дарси забони русӣ аз бар намудаед? Пас, инҳоро ба забони русӣ тарҷума намоед.

Ҳамчунин, ман аз хонандагон мепурсам, ки луғат чанд навъ мешавад, онҳо мегӯянд: луғатҳои тафсирӣ ва дузабона. Нахуст луғатҳои дузабонаро аз назар мегузаронем. Ба гурӯҳи аввал супориш медиҳам, ки калимаҳои зеринро ба забони англисӣ ва гурӯҳи дуюм бошад, ба забони русӣ тарҷума намоянд.

Фанни адабиёт  бошад, ба фанҳои  таърих ва география алоқамандӣ дорад.  Дар вақти гузарондани мавзӯи «Зиндагиномаи шоирон» аз хонандагон пурсида мешавад: шоир дар асри 18 зиндагӣ кардааст, вазъият дар он давра чӣ гуна буд? Маҳалли таваллуди  шоирро аз харита ёбед.

Хулоса, алоқамандии байни фанҳо шавқу ҳаваси хонандагонро нисбат ба фанни забони тоҷикӣ ва адабиёт бедор месозад, савияи ҷаҳонбинию дониши онҳоро баланд мебардорад. 

Сурайё  ШЕРДИЛОВА,

корманди ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш