Нашрияи Омӯзгор

Кӯдакистони «30-солагии Истиқлол»

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

10 апрел дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони “30-солагии Истиқлол»-ро ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати 1 га бунёд ва азнавсозӣ гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Кӯдакистони “30 - солагии Истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд дорои 14 гурӯҳ  буда, имкон дорад 400 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.

Бо ифтитоҳи ин муассисаи томактабӣ 60 нафар мутахассисону мураббиён имкон пайдо намуданд, ки дар шароити хубу муосири корӣ, ба тарбияи кӯдакони синни томактабӣ машғул шаванд.

Кӯдакистони мазкур дорои хонаи қабули кӯдакон, толорҳои васеъи таълимӣ, ҳуҷраҳои барҳаво барои хоби кӯдакон, нуқтаи санитарӣ, толори мусиқӣ, толори баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ, ошхона, анборҳои маводи хӯрока барои сабзавоту ғалладона мебошад. Инчунин, дар саҳни ҳавлии кӯдакистон 7 айвонча, майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, ду ҳавзи шиноварӣ бунёд гардидааст. Дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро барои тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва азбар намудану омӯхтани илмҳои муосир ҳидоят намуданд. Дар кӯдакистони «30-солагии Истиқлол» аз ҷониби Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карда шуд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш