Нашрияи Омӯзгор

Рафиқи вафодор китоб аст

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

2-9-уми апрел дар кишварамон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор шуд. Дар доираи фестивали мазкур вохӯриҳои нависандагону шоирон ва дигар шахсиятҳои фарҳангии сарзаминамон бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардиданд.

Чунин як ҳамоиши рангину дилнишине 8-уми апрел бо иштироки адибони шинохта Муродалии Собир, Ҳакими Гӯё, Шарифаи Аъламзод   дар мактаби №34-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе созмон дода шуд.

Нахуст меҳмонон аз намоиши дастранҷи ҳунарии хонандагони муассиса дидан намуданд ва ба маҳорати хуби толибилмон баҳои баланд доданд.

Директори мактаб Гулчеҳра Ғаниева чорабиниро ифтитоҳ бахшид.  Муродалӣ Собир аз ашъори бачагонаи худ қитъаҳои тоза барои иштирокдорон қироат намуда, ҳамчунин, зикр кард, ки китобдӯстию китобхонӣ яке аз хислатҳои беҳтарини инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Шоирон Ҳакими Ҷӯё, Шарифаи Аъламзод доир ба муфиду зарурӣ будани илму ҳунаромӯзӣ, мутолиаи китобҳои арзишманд суҳбат намуда, ба бачаҳо аъло хондан, эҳтиром кардани бузургсолон, волидон ва омӯзгоронро талқин карданд.

Барномаи адабию фарҳангии омодакардаи дастаи ҳаваскорони мактаб зинатбахши маҳфил буд.

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш