Нашрияи Омӯзгор

Рӯзи илм дар донишгоҳ

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон, магистрантон ва донишҷӯён баргузор мешавад.

Соли равон конфронси мазкур ба санаҳои муҳимми таърихӣ, аз ҷумла, 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ, 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон  Мирзо Турсунзода ва Рӯзи илми тоҷик бахшида шуд. Қисми ифтитоҳии он дар факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки доираи васеи устодону донишҷӯён ҷараён гирифт.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода доир ба раванди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тайёр кардани кадрҳои соҳибунвони илмӣ,  дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ, дастовардҳои  донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳо ва ғайра сухан карда, қайд намуд, ки баҳри сазовар пешвоз гирифтани Рӯзи илми тоҷик ва ба ин муносибат дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани конфронси илмӣ-анъанавии устодон ва олимони ҷавон, магистрантону донишҷӯён  дар донишгоҳ аз 1-уми феврали соли ҷорӣ то санаи 10-уми апрел “Ҳафтаи илм” 40 рӯз идома ёфт.

Бахшҳои конфронс масъа-лаҳои муҳимтарини илми муосирро фаро гирифта, дар он на танҳо олимони варзида, балки муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯён низ натиҷаи таҳқиқоти илмии худро пешниҳод намуданд.

 

Алишер Раҳмонӣ,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш