Нашрияи Омӯзгор

Рикобӣ

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 844        Шарҳ: 0

 

(як пора хотира)

Дар бораи табъи волои суханварӣ ва ҳофизаи баланди луғатдонии устод Лоиқ аз бисёр китобҳо хондааму аз гуфтори дӯстон фаҳмидаам. Ашъори маърифатбору суфтаи устод худ гувоҳи муътамади нирумандии эшон дар суханварист.

Медонам, ки устод офаридгори  як силсила вожаҳои мақбулу писандидаи тоҷикӣ низ буданд.

Боре худ  шоҳиди бевоситаи суханварию луғатдонии устод гаштам.

Як даста ашъори ба идораи маҷаллаи «Дайри муғон» омадаро пеш аз чоп аз нигоҳи устод гузаронидан хоста, ба хонаи эшон омадам. Янга гуфтанд, ки устод дар хонаи ҳамсояанд. Чун таъҷил доштам, ноилоҷ занги дари ҳамсояи устодро пахш кардам. Соҳибхона арзи маро ба устод расонд ва посух овард, ки наздашон дароям.

Онҳо 4 нафар  буданд, аз ҷумла, марди фозилу машҳур, генерал Ҳ.Худойқулов. Ба нею нестонам эътибор надода, маро дар қатори худ ҷой доданд. Устод Лоиқ сухан мегуфтанду пора-пора шеър мехонданд. Ҳис мекардам, ки чигуна вожаҳои суфта дар ҷумлаву ибораҳои устод чун дастагуле ба ҳам меомаданду ҳусн мегирифтанд. Ҳозирини зиёфат аз ҳусни гуфтори устод ба ваҷд меомаданд ва ҳар вақт» барои чунин суханони «нанӯшидан гуноҳ» гӯён ҷом ба сар мекашиданд.

Вақти бархостан шуд. Маълум гашт, ки ҳамин ҳозир яке аз дӯтони ин ҷо ҳузурдоштаи устод ба куҷое азми сафар доштаасту  ин зиёфат ба ҳамин маврид ороста шуда будааст. Ҳама берун баромадем. Дар саҳни ҳавлӣ мошине омодаи сафар буд. Шояд бар асари сархушӣ бошад, дӯсти устод пеш аз он, ки ба мошин нишинад, ба яке аз ҳамроҳони худ ишора кард, ки зуд аз  хона як шиша май орад. Ин хоҳиши ӯ дарзамон иҷро гардид. Ҷомҳо саршор  аз май шуданд. Дӯсти сафаракии устод аз эшон хоҳиш  кард, байте мувофиқ ба ин лаҳзаҳо бигӯяд.

Ин дам як байти устод ба хотирам омад ва худдорӣ карда натавониста, гуфтам:

-Устод, як  байти Шумо дар ин маврид басо мувофиқ менамояд, ки ин аст:

Эй он, ки дар канори ин дунёи бекарон

Раҳҷӯи бекаронаӣ, роҳат сафед бод!

Ҳамагонро табассум гирди лаб гул  кард. Устод гуфтанд:

-Ман  намехостам, ки аз навиштаҳои хеш ин маврид бигӯям. Дуои сафари ту, дӯстам, бигзор ин фармудаи Ҳазрати Мавлавӣ бошад:

Пайваста сарат сабзу лабат хандон бод,

Ҷону дили ошиқон зи ту шодон бод!

Он кас ки туро бинаду шодӣ накунад,

Сарзеру сияҳгилему саргардон бод!

Бо ин нӯшбод ва дуои сафар ҷомҳо ба як бор тиҳӣ гаштанд. Дӯсти устод ба ҳамроҳам ишора бар он кард, ки боз ҷомҳоро лабрез созад. Майи боқимонда ҳамагӣ як ҷомро саршор кард ва соқии «базм»-и ростои гусел хост шишаи нав биёварад, аммо устод Лоиқ азми ӯ шикастанд ва бо табассум иброз доштанд:

-Пеш аз сафар  ҳамин қадараш кофист. Лекин тақдири ин як пиёлаи майро муайян бояд кард. Медонед, ҳамин нӯшонӯши мо бевосита дар оғозгоҳи сафар, ки анъанаи дерин ниёгонамон аст, чӣ ном дорад?

Ҳамагон хомӯш мондем. Устод чунин шарт ба миён гузоштанд:

-Бияндешед, тоҷикзодагон, касе ёбад, ҳамин як қадаҳи боқимонда нӯшаш бод!

Касе натавонист лаб бикафонад. Пас, устод идомаи сухан карданд:

-Аз қадимулайём ниёгони мо чун озими сафар мегаштанд, пеш аз пой ба рикоби асп гузоштан бо дӯстон як қадаҳи май менӯшиданд, ба нияти хайрияти сафар ва инро рикобӣ мегуфтанд. Ҳамин ҳоло мо рикобӣ нӯшидем, дӯстон!

Пас, устод Лоиқ ба нишони пирӯзӣ он ҷоми охиринро  ба даст оварданд ва табассуми малеҳе карда, бо як ҳаракати зебои риндона ба сар кашиданд.

Маро ин дам боз ҳам як мисраи устод ба ёд омад ва беихтиёр зери лаб гуфтам: «Ҳар кас ки чу Хайём хӯрад, нӯшаш бод!...»

 

Абдурауф Муродӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш