Нашрияи Омӯзгор

«Ҷазо»

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

 

Онҳо тақрибан 10-12 нафар буданд. Саропо мусаллаҳ, масту бехуд. Хандаи осмонкафашон фазои корхонаи шаробпазиро ба ларза меовард.

-Мепаронем! -бо ғазабу нафрат бонг зад оне, ки риши дарози сиёҳ дошту нигоҳаш барқвор буд.

Вай пештар гом ниҳода, аз дасти ӯ кашид.

-Ту  моро писанд накардӣ. Дарзаи алаф дар пушт, ҳарчанд фарёд бардоштем, худро ба карӣ задӣ.

-Паронед,-ором ва қадре бепарво посух дод ӯ.

-Наметарсӣ?! – нигоҳаш дар хонаи чашмон ба бозӣ даромад саркардаи дастаро.

-Чаро тарсам? Мурдан ҳақ аст!

-Аммо  мо туро осонакак паронда, ҷонатро халос намекунем.

-Ҳар чӣ мехоҳед, кардан гиред. Фақат…

-Чӣ «фақат»?

-Охир, шумо худро ҳомии шариат меҳисобеду барои ҳифзи манфиати  мардум даста ташкил кардаед. Ҳамин тавр не?

-Хомӯш! Ҳам ғаррию ҳам пешхезӣ.

-Чизе надуздидаам. Ғаррию пешхезӣ ҳам накардаам. Шукри Худо…

-Фалсафатарошӣ бас! Бигӯ, ки дарзаи алаф аз куҷо?

-Аз як дашти бесоҳиб. Аз ин канор то он канор алафаш  хушк шудаву сӯхтааст.  Агар дарзае алаф аз он ҷо гирифтаем, магар гуноҳ аст?

-Дастатро мебурем!

-Бибуред!

-Поятро мешиканем!

-Шиканед!

-Чашмонатро кофта мегирем!

-Кофта гиред!

-Маҳмаддоно, забонатро мебурем.

-Буред!

-Ҳоло азобу уқубатат дар пеш, зорию тавалло ҳам мекунӣ. Мебинем.

Тире аз болои сари ӯ виззос зада гузашт. Наҷунбид аз ҷо. Хомӯш ба сӯйи осмон нигарист. Каб-кабуд, дилрабо, офтоб ҳам дар миёнаи осмон зебову раъно. Вай овози боли парандаҳоро шунид: шип-шип…

Аз тарафи чапи ӯ парвозкунон селаи кафтари ваҳшӣ гузашт, паст гузашт.

Мушти сангине ба болои абрувони чапаш хӯрд. Як он осмон тира шуд, офтоб тира шуд. Зебоӣ рафт аз байн.

Мувозинаташро нигоҳ дошт, то наафтад. Вай дар умри худ ҳеҷ гоҳ ба замин ба тахтапушт наафтода буд. Ҳатто дар сабқатҳои гӯштӣ. Мушти вазнини дигаре бар ҷоғаш расид. Ларзиду такон хӯрд. Аммо наафтид.

Саркарда пештар омад. Аз зери манаҳи ӯ бардошт.

-Ба зону зан!

-Хестӣ, ки хобат.

-Ба нағзӣ ба зону зан!

-Афсона нагӯ, кӯдак, ки нестам.

Саркарда силоҳи «Калаш-ников»-ро аз дасти як тан аз ёронаш бо қаҳр ва бо чашмони аз косахона барҷаста чанг зада гирифт ва бо думи он бо тамоми неру ба даҳони ӯ фаровард. Сахт буд зарба. Вай дид, ки дандонҳояш шикаставу омехта бо хун чу донаҳои офтобпараст ба сӯе париданд. Вораҳои дандон дарида, порае гӯшти коми боло кандаву овезон шуд. Хун бо шиддат равон гашт. Ҷоғаш шикаста буд.

-Акнун, мепаронемат,-қадре қафотар рафтаву ба замин туф карда гуфт саркарда. - Халос мешавӣ, лекин…

-Чӣ «лекин?»

-Азоб дода мекушемат.

Дастҳояшро бо банд ба пушт бастанд. Андар  даҳонаш латтаи ғафси алвонии чиркбастаеро хастанду ба чалаки бузурги корхонаи шаробпазӣ рост гузоштандаш.

Саркарда тавре рафтор мекард, ки гӯйӣ аз осмону офтобу кӯҳҳо, аз Замин, ҳатто аз оне, ки ин дунёву он дунёро офаридааст, болотару  қудратманду қавитар бошад. Сояи дарози қадди дарозаш рӯйи замини пурхок афтида буд. Чу Фиръавн менамуд… Салобату ҳайбаташ зердастонашро меҳаросонд.

-Аввал худам мепаронам,-заҳрханда дар лаб ғурунгид вай. -Ку, ба куҷояш мерасида бошад тирҳоям.

Шарраққо - шуруққи «Калашников» баромад, пасон садои тирҳои паёпай.

Аз болои сари ӯ гузаштанд тирҳову чалакро сӯрох карданд. Вай наҷунбид, наларзид. Танҳо садои вахими тирҳо пардаи гӯшҳояшро дариданд.

Баъд аъзои даста бо навбат тирпаронӣ  карданд. Тирҳо аз болои сари ӯ мегузаштанду  дар як турфатулаъйн садояшон хомӯш мегашт.

-Ҳозир, ба болои сарат бутали холӣ мегузорем,-туркханда кард саркарда. – Ана, баъд нишон мегирем. Аҷаб тамошое мешавад.

Зарфи шишагиеро болои сараш гузоштанд.

Боз тир ва ҳадаф, боз тирпаронӣ… Тирҳо ба шиша расиданд. Пояш ногаҳ раг кашид. Шиша афтиду шикаст. Офтоб андаруни шишапораҳо ба зарраҳои алоҳида табдил ёфт.

-Тамошо бас! - наздиктар омада хитоб кард саркарда. - Мепаронему аз ту халос мешавем. Фақат..

Чизе ба хотираш расид, ки лаҳзае таҳаммул кард саркарда ва дафъатан аз таги манаҳи ӯ бардошт:

-Ман фаҳмиданӣ, ки ту чикораӣ.

-Муаллимам,-ҷавоб дод ӯ ва хомӯш монд.

-Лаънатӣ, ҳамина барвақт нагуфтӣ.

-Мегуфтам – чӣ?

-Аздусар таги мушту лагад мемондӣ. Мо ба ҳеҷ кас раҳм надорем.

- Паронед, охир, - бо сари баланд гуфт ӯ.

-…..

-Чӣ фикр карда мондед?

-Дафъ шав аз ин ҷо, бо ними борикият.

… Ӯ баъди дастонашро кушодан оҳиставу гаронборона  қадам зада, қад-қади сангоб аз оби сой гузашт. Дастаи «муҷоҳидон» сӯйи адир роҳ гирифт. Муаллим ҷон ба ҳалқ талу пушта ва тангноҳои махуфро сипарида, аҳд кард, ки ба қароргоҳи дастаи «Боло», назди «Ҳазрат» меравад ва ошкоро, бе ҳеҷ тарсу ваҳм воқеаро нақл мекунад. Дараву подароҳҳоро гузаштаву ҷодаро миёнабур карда, қарибиҳои намози аср ба кӯҳи Мағм расид. Суроғ карда қароргоҳи «Ҳазрат»-ро, ки дар хонаи навсохти бомаш сурхи тунукапӯш воқеъ буд, дарёфт. Узв-узви баданаш шадидан месӯхт. Рӯяш дармегирифт, ташнагӣ азобаш медод, нафас дар гулӯяш гиреҳ мезад. Пайкари вай оҳанӣ набуд, фарзанди бобои Одам буд. Гили бобояшро аз як пора хок сириштаанд. Фариштаҳо  ба ин мавҷуди офаридаи Худованд саҷда карда буданд,  илло Иблиси мағрур. Пас, вай фаришта нест. Чаро тану баданаш насӯзад? Чаро аз даҳонаш хун заҳида набарояд? Чаро ҷоғи шикастааш бо дарди шадид ҷонашро ба ҳалқаш наорад? Чаро…???

Назди дарвозаи оҳанӣ ду ҷавони мусаллаҳ арзи муаллимро шуниданд.

Якеш рафту зуд баргашт. Ӯ пеш-пешу камонбадаст аз қафо вориди саҳн шуданд.

«Ҳазрат» дар байни гулҳои аз беобӣ пажмурдаю тароваткоста қадам мезад. Бедимоғ буд. Нигоҳи сатҳие сӯяш афканду ғуррид:

-Хизмат?

Ва ба ҷавоби муаллим мунтазир нашуда, афзуд:

-Говатро дуздиданд? Ё харатро? Ба зану духтарот чаққа нашуда бошанд?

Тири нигоҳи сардаш аз ҷавшани ҷон мегузашт. Муаллим оҳиставу канда-канда, бо азоби алим рухдодро ҳикоят карду хомӯш монд.

-Ҳар куҷо бошанд, ҳамин ҳозир пайдо меашванд,-фаҳмонд «Ҳазрат» ва пурсид:

-Онҳоро мешиносӣ?

-Бубинам, мешиносам.

-Лаънатиҳо,-ғазаб кард «Ҳазрат». - Ман чӣ мегӯяму онҳо чӣ кор мекунанд. Садқаи ислому нони ҳамин мардум шавед! Ана, мебинед, чӣ хел ҷазоятон медиҳам.

(Давом дорад)

Шодӣ Раҷабзод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш