Нашрияи Омӯзгор

Беҳтаринҳо муайян гардиданд

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 775        Шарҳ: 0

 

Даври вилоятии озмуни «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид, ки дар он 10 нафар омӯзгор аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.

Тибқи низомнома, озмун аз рӯйи 7 шарт гузаронида мешавад.

Дар ҷамъбасти озмун Алидод Абдолбеков, омӯзгори химияи мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ, Насиба Ёдалиева, омӯзгори технологияи иттилоотию коммуникатсионии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26 - и ноҳияи Роштқалъа, Зафар Ширинбеков, омӯзгори физикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 - и ноҳияи Рӯшон ва Эраҷ Ҷонмирзоев омӯзгори математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Роштқалъа ба даври озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

 

 Ҷ.Қозибеков,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш