Нашрияи Омӯзгор

Насибат бод шаҳди зиндагонӣ

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 818        Шарҳ: 0

 

Омӯзгори мактаби №1-и ноҳияи Рӯдакӣ Муқаддас Каримова беш аз 35 соли умри пурбаракати худро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намуда, дар рушду пешрафти ин соҳаи муҳим саҳми арзанда гузоштааст. Номбурда пас аз хатми ДДОТ ба номи С. Айнӣ фаъолияти худро дар мактаби №3-и ноҳияи Рӯдакӣ, аввал ҳамчун сарпешоҳанг ва сипас, ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ оғоз намудааст. Ҳисси дилбастагии зиёд ва меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба пешаи омӯзгорӣ ин бонуи кордону соҳибтаҷрибаро аз овони ҷавонӣ ба соҳаи илму маориф пайваст. Ӯ бо сифатҳои неки инсонӣ дар қалби ҳамагон ҷо гирифта, дар байни ҳамкасбону шогирдон ва дӯстонаш соҳибэҳтиром гардид.

Мавсуф соли 2002 дар мактаби №1-и ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият дорад ва аз соли 2013 дар вазифаи ҷонишини директор оид ба таълим кор мекунад. Муаллима ҳамчун зани оромтабиату хушсухан ва меҳрубону ғамхор шинохта шуда, барои ҳамкорон роҳнамою коромӯз мебошад. Дар ҳама ҳолат ба мо-навкорон ёрӣ расонида, нозукиҳои касби омӯзгориро меомӯзонад.

Имсол муаллимаи азизу гиромӣ Муқаддас Каримова 55-умин баҳори умри хешро истиқбол гирифт. Ин баҳори хотирмону шодиафзоро ҳамаи ҳамкорону дӯстон барояш табрик мегӯем ва осоиштагии рӯзгору саодати ҳамешагиашро таманно дорем.

 

Шарофат ДАВЛАТОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №1-и ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш