Нашрияи Омӯзгор

Сарбаланду босуботу бошараф

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Мушаррафахон Шарифова дар оилаи ашхоси некном, некхоҳу нексиришт чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Бо дуои неки волидайн ӯ роҳ ба сӯи шоҳроҳи зиндагӣ пеш гирифт. Мушаррафа пас хатми мактаби зодгоҳ соли 1972 озими ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шуд ва дар факултаи забонҳои хориҷӣ, (риштаи забони англисӣ) таҳсил намуд. Фаъолияти омӯзгории хешро аз мактаби миёнаи рақами 20-и шаҳри Хуҷанд оғоз кард. Маҳорату малакаи хуби  омӯзгорӣ, эҷодкориву навоварӣ, масъулияти баланд доштани омӯзгори ҷавон аз рӯзҳои аввали корӣ ба хубӣ ҳис карда мешуд. Муаллима ба дарсҳои омӯзгорони солдидаву кордида даромада, таҷрибаи касбии худро бою ғанӣ мегардонид. Ҳар як дарси муаллима чун як мавзӯи аҷоибу ғароиб, чун як китоби пур аз панду насиҳат дилнишину хотирмон ҷараён мегирифт.

 Истифодаи бамавриди васоити аёнии дастисохт, воситаҳои техникии муосир, китобҳои луғатомӯзӣ, дафтари “Луғатнома”, маводи воситаҳои ахбори омма, тасвирҳои рангаи олами набототу ҳайвонот шавқу ҳавас ва таваҷҷуҳи шогирдонро ба омӯзиши забони англисӣ зиёд мегардонд. Бисёре аз шогирдони Мушаррафахон дар ташкили лоиҳаҳо оид ба ҳимояи корҳои илмӣ дар назди Академияи хурди илмҳо (АХИ) ва дар олимпиадаҳои байналмилалӣ  иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ, ифтихорномаву сипосномаҳо, нишонҳои сарисинагии тилло, нуқра ва биринҷии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркия, Қазоқистон ва Федератсияи Россия гардид.

Муаллима дастурҳои методӣ, омӯзишӣ, дидактикии зиёде, ба монанди “Мо алифбои забони англисиро меомӯзем”, “Чистонҳо”, “Оё медонед?”, “Чӣ? Дар куҷо? Кай?”, дастурҳои “Тестҳои грамматикӣ”, “Бозиҳо дар дарси забони англисӣ”, “Антонимҳо ва синонимҳо”, “Мо тарафдори сулҳ ва дӯстӣ мебошем”, “Сада, Меҳргон ва Наврӯз – идҳои миллии тоҷикон”-ро тартиб дода, ба шогирдон, омӯзгорон ва дӯстдорону ихлосмандони омӯзиши забони англисӣ пешниҳод намуд. 

Алҳол шогирдони муаллима дар донишгоҳу донишкадаҳои Амрико, Канада, Австрия, Олмон, Туркия, Қазоқистон ва Россия идомаи таҳсил доранд ва як қисмашон дар сафоратхонаҳои гуногун, ташкилотҳои байналхалқӣ адои вазифа менамоянд. Соли 2008 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА конфронси умумиҷаҳонии муаллимони забони англисӣ (TUSOL) баргузор гардид, ки дар он Мушаррафахон чун намояндаи Осиёи Миёна ширкат варзид.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, соли 2009 Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон ба фаъолият оғоз кард. Омӯзгори кордидаву собиқадор Мушаррафахон дар ин даргоҳи муқаддас ба кор пародохт. Дар баробари ба кори таълиму тарбия машғул шудан, ҳамчунин, муаллима масъулиятҳои ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, раиси иттифоқи касаба, роҳбари иттиҳодияи методии муаллимони забони англисӣ, узви ҳакамони озмунҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявиро бар дӯш дорад.

Муаллима бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ифтихорномаву сипосномаҳои Ҳукумати вилояти Суғд, раёсати маорифи вилоят сарфароз гардонида шудааст.

Мадина Набизода,

директори Мактаби Президентӣ дар шаҳри Бӯстон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш