Боиси хушбахтист, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамият ва зарурати омӯзиши фанни таърихи халқи тоҷик зиёд гардид.
Аз ҳамин сабаб, омӯзгори фанни таърихи халқи тоҷикро зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи бештари хонандагон ба дарс саъю кӯшиш намояд ва дар қалби хонандагон меҳру муҳаббати ватану миллатро зиёд намояд.
Маълум аст, ки методҳои таълим хеле зиёданд, аммо яке аз методҳое, ки ман дар муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» аз фанни таърихи халқи тоҷик омӯхтаму баъдан онро дар ҷараёни дарсҳоям истифода намудам, истифодаи методҳои интерактивӣ дар ҷараёни дарсҳо мебошад. Таълими интерактивӣ муносибату ҳамкориро тақозо намуда, ҳаллу фасли масъалаҳо ба воситаи хулосабарорӣ, муҳокима дар гурӯҳҳои дунафара ва чор - панҷнафара сурат мегирад. Ин ҳамкорӣ дар муоширати байни омӯзгор ва хонанда, хонанда ва хонандагон, хонанда ва омӯзгор зоҳир мегардад.
Ҳамин тавр, усули интерактивӣ ҳамаи субъектҳои ҷараёни дарсро маҷбур месозад, ки фаъол бошанд ва андешаҳои худро перомуни объекти омӯхташуда баён намоянд. Ин усул шароит фароҳам меорад, ки мактаббача фикрашро мустақилона баён намояд, дар суҳбатҳои гурӯҳӣ иштирок намояд ва ҳисси худшиносиро дар худ ташаккул диҳад. Бояд гуфт, ки усули интерактивӣ бисёр мураккаб буда, он аз усул ва машғулиятҳои гуногун, аз қабили фардӣ, кори гурӯҳӣ, тартиби «Кластер», «Диаграммаи Венн», «Рӯзномаи дубахша», «Харитаи хирад», «Шаршара» ва ғайра иборат аст.
Бояд зикр намуд, ки мо дар рафти дарсҳои таърихи халқи тоҷик чанде аз усулҳои онро дар машғулиятҳои дарсӣ истифода намудаем ва ин ҷо лозим донистам, ки дар бораи чигунагии тарзи гузаронидани онҳоро баён намоям.
«Кластер» (маънои «хӯша», «шохча») яке аз усули гирдоварии андешаҳои хонандагон доир ба ягон мавзӯъ буда, дар шаклҳои гуногун тасвир меёбад. Мо номи дилхоҳ мавзӯъро номбар мекунем ва аз хонандагон талаб менамоем, ки атрофи ин мавзӯъ донишҳои андухтаашонро баён кунанд. Андешаҳои баёншударо хонандагон дар як ҷо ҷамъ оварда, боз дар баробари шунидани онҳо ба таври аёнӣ бо онҳо шинос мегарданд. Ин гирдоварии андешаҳои хонандагон бунёди вазъияти ҷустуҷӯ, тақвияти малакаҳои баёни мухтасари фикри хонандагонро инкишоф медиҳад.
Як усули интерактивӣ Диаграммаи Венн мебошад. Диаграммаи Венн барои ёфтани фарқ ва умумияти мафҳум, ҳодиса, ашё ва муқоисаи онҳо истифода мешавад. Мақсади асосии истифодаи усули зикршуда, таҳлил ва муқоиса карда тавонистани ду ва зиёда мафҳум (ашё, ҳодиса, симо) ва инкишофи қобилияти фикррониву малакаи баҳогузории хонандагон мебошад. Барои амалӣ намудани ин усул аз қадамҳои зерин истифода намудан зарур аст:
1. Дар тахтаи синф се доираро мекушоем, ки якдигарро бурранд (давраи мобайнӣ фарқияти байни умумияти мафҳумҳо ё масъалаҳоро мефаҳмонад).
2. Масъалаҳои баррасишавандаро дар болои давраҳо менависем.
3. Дар даруни давраҳо фик-ри хонандагонро менависем.
4. Тавзеҳ ва фикри дурустро пешниҳод менамоем.
Сарвиноз Нодирова,
омӯзгори таърихи халқи тоҷики мактаби № 40-и
шаҳри Ваҳдат
Иловакунӣ
Иловакунии фикр