Ба устоди арҷманд, Аълочии маориф ва илми ҶТ
Тӯрақул Ҷумъаев
Дар радифи родмардони Ватан
Ин тӯӣ ҳамаҳду паймони Ватан.
Худфидоӣ бар маориф пешаат,
Аз хирад бошад ҳама андешаат.
Кори ту-пайвастани илму амал,
Мекунӣ баҳри накукорӣ ҷадал.
Фикру зикрат аз маориф доимо,
Зиндагият аз маориф босафо.
Беҳтарин устоди насли наврасӣ,
Раҳнамою дастгири ҳар касӣ.
Ҳастият – рамзи садоқат бар Ватан,
Ҳар каломат – рӯҳбахши анҷуман.
Эй, ки ҳастӣ устоди арҷманд,
Бош доим шодкому сарбаланд!
Абдуқодир Неъматзода,
дотсенти Донишгоҳи давлатии омӯзгории
Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр