Нашрияи Омӯзгор

Раҳнаварди комёби ҷодаи илм

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 824        Шарҳ: 0

 

Омӯзгор як умр худ меомӯзад ва дигаронро меомӯзонад. Омӯзгори асил касест, ки фикри миллати хешро бедор, ахлоқи ӯро поку зебо мекунад, ақли ӯро ташаккул ва рушд мебахшад. Арасту гуфтааст, ки «омӯзгорон аз волидон бартарӣ доранд: волидон ба мо танҳо ҳаёт мебахшанд, омӯзгорон ҳаёти хушбахтона». 

Устод Умедулло Чориев  20 апрели соли 1951 дар ноҳияи Рудакӣ, дар оилаи омӯзгор ба дунё омад ва дар муҳити хуби маърифатӣ ба воя расид. Соли 1966 ба шуъбаи математика-нақшакашии факултаи математикаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ дохил шуд. Ин ҷо дар семинару маҳфилҳои  илмӣ фаъолона ширкат меварзид ва дар конференсияҳои донишҷӯён бо гузоришҳо иштирок менамуд. Соли 1971 донишгоҳи мазкурро бо дипломи аъло хатм намуд. Бо қарори комиссияи тақсимот Умедулло Чориев  дар кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо ба ҳайси омӯзгор ба кор қабул карда шуд. Соли 1974 ба аспирантураи шаҳри Владимири Федератсияи Россия дохил шуда, онро соли 1978 хатм намуд.  Соли 1983 дар Донишкадаи омӯзгории Москва ба номи В.И. Ленин рисолаи номзадии худро доир ба тақсимшавии ададҳои сода бомуваффақият дифоъ кард ва соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои физика-математика гардид.

Аз моҳи октябри соли 1993 то апрели соли 1999 иҷрои вазифаи мудири кафедраи алгебра ва назарияи ададҳоро ба уҳда дошт. Аз соли 1999 то ҳол ҳамчун дотсенти кафедраи алгебраи назарияи ададҳо фаъолият дорад. 

Аз курсҳои алгебра ва назарияи ададҳо, мантиқи математикӣ, назарияи эҳтимолият, математикаи дискретӣ, системаи ададҳо ва курсҳои махсус дарс мегӯяд. Дар баробари ин, дотсент У.Чориев бо корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва илмию-методӣ фаъолона машғул шуда, зиёда аз 200 кори илмӣ - методӣ нашр намудааст ва  муаллифи 40 дастури таълимию китобҳои дарсӣ аст.

Соли 2005 дар ҳаммуаллифӣ китоби дарсии «Алгебра» -ро барои синфҳои 10 ва 11 ба нашр расонд.

Дар конфронсу симпозиу-мҳои байналхалқӣ (Москва 1982, Тбилиси 1985, Минск 1989, Тошканд 1990) ва ҷумҳуриявӣ бо мавзӯҳои умдаи  илмӣ баромад намудааст.

Устод бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ифтихорномаву сипосномаҳои зиёд қадршиносӣ карда шудааст. Устод  Умедулло Чориев имсол ба синни мубораки 70 қадам мениҳад. Ба ин муносибат ӯро муборакбод намуда, барояш хушбахтӣ ва дар фатҳи қуллаҳои нав ба нави илми математика комёбиҳо таманно дорем.

Мансур НУЪМОНОВ,

профессор

Абдурасул САТТОРОВ,

профессор

Абдураззоқи РАЗЗОҚ,

 номзади илмҳои педагогӣ, дотсент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш