Нашрияи Омӯзгор

Корномаи Восеъ ҷовидонист

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Сотим Улуғзода яке аз нависандагони машҳури адабиёти муосири тоҷик мебошад. Асарҳои офаридаи ӯ бештар ба мавзӯъҳои ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ бахшида шудаанд. Романи «Восеъ»-и нависанда дар қатори асарҳои безаволи  «Қаҳрамони халқи тоҷик - Темурмалик» ва «Исёни Муқаннаъ» - и устод Садриддин Айнӣ  дар адабиёти тоҷик ҷойгоҳи шоиста дорад.

Дар маркази романи “Восеъ” образи қаҳрамони халқи тоҷик – Восеъ қарор дорад, ки шӯриши ӯ бар зидди ҳоким ва амалдорони манғитнажоди Бухорои Шарқӣ дар соли 1888 дар Балҷувон рух додааст. Омили асосии ин шӯриши халқӣ дар солҳои 80-уми асри 19 камбағалии мардум, барзиёд андоз рӯёндани амалдорони манғит аз халқ, ҷабри роҳбарони маҳаллӣ нисбат ба меҳнаткашони деҳот мебошад. Восеъ бар зидди амалдорони манғит барои ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва адолат муборизаи беамон бурдааст. 

Дар боби бистуми роман чунин муроҷиати далеронаи Восеъро ба халқи  азизаш мехонем: «...Восеъ, дар ҳолате ки ба сутун баста шуда буд, ба деҳқонон фарёд зад: - Ҳой халқ, тан надеҳ! Чашматро кушо! Инҳо ҳамаи моро аз гушнагӣ мекушанд!». Дар ин муроҷиат ҳам адолатхоҳию халқпарварӣ ва ҳам  ҷасорату мардонагии Восеъ ва низ нангу номуси ватандории ӯ ифода ёфтааст.

Дар ҷои дигари ҳамин боби роман ҳақталабию ҳақгӯӣ ва адолатпарварии ӯ аз ҷониби дӯстонаш таъкиду дастгирӣ шудааст: «...Гапи охири Восеъ шӯре, ҳаяҷоне дар дили издиҳоми халқ падид овард. Нозим фарёд кашид ки:  - Рост мегӯӣ! Ёдат ба хайр, Восеъ! Назир бо овози ғулғуланоки худ наъра кашид: - Дар забонат садқа, Восеъи ҳақгӯй! – Аз забони ҳамаи фақирон гап задӣ, Восеъ! – бонг зад яке аз деҳқонони ношинос».  Дар боби бисту якуми роман садоқату вафодорӣ ва нангу номуси ватандории Восеъ боз ҳам барҷастатар ба мушоҳида мерасад. Ӯ вобаста ба андозу закотҷамъкуниҳои ноҳақонаи гумоштаҳои амир аз деҳқонон, ваҳшиёна азоб додани мардум ва талаву тороҷи онҳо ҳамаро ба интиқом даъват кардааст: «...Дар сари бозор Восеъ аз болои асп ба издиҳоми халқ чунин хитобат кард: - Бародарон! Фақирон! Бихезед, ғазот кунед! Ҷавру зулм аз ҳад  гузашт, мулк ҷазирбод шуд, халқон хору зор. Манғит моро одам ҳисоб намекунад. Ӯ моро дар диёри худамон ғариб кард, бехонумон кард. Ҳоким, амалдор, сипоҳӣ халқонро гургворӣ медаранд. Карашон  бигиру бибар, бизану бидар аст, тамом. Худи онҳо кистанд, аз куҷо омадаанд? Чӣ ҳақ доранд, ки фақиронро тороҷ кунанд, кӯдакони моро аз гушнагӣ бикушанд? То кай мо ҷафо мекашем? Дигар тоқат намонд. Ман ба золимон теғ кашидам. Фуқаро, бихез, ғазот бикун! Агар номус дорӣ, ҳамият  дорӣ, бихез ба ғазот! Теғ ба даст бигир. Теғ наёбӣ, таёқ бигир. Табару теша бигир. Аз золим бигир. Аз мурдан дар хорию зорӣ, беҳтар ки дар ҷанги золим бимирем. Золим гург бошад, ту шер бош. Золим оташ бошад, ту сел бош. Ман мегӯям, фақирон, шумо шунавед...».

Дар боби охирин (сиву сеюм)-и роман ҳодисаи аз тарафи ҳокими манғит дастгир шудани Восеъ, инчунин, лаҳзаи хайрбодаш бо халқ ва манзараи ба қатл расонданаш хеле муассиру  барҷаста ба риштаи тасвир кашида шудааст. «...Сарбозон бандиҳоро аз чор тараф печонда, аз байни издиҳоми халқ гузаронида мебурданд. Ҷо - ҷо аз байни издиҳом садоҳои: “Алвидоъ, Восеъ”, “Алвидоъ, баҳодурон”, “Ёди ту бо мост, Восеъ”, “Ту меравӣ, номи неки ту мемонад, Восеъ!” баланд мешаванд... Сарбозон бандиҳоро аз тангкӯча бароварда, ба сангоб хамонданд. Баногоҳ дар байни издиҳоми халқ талотӯбе бархост. Ду зани сарбараҳна бо доду фарёд пеш омаданӣ мешуданд, мардум онҳоро нигоҳ медоштанд. Восеъ нигоҳ карда он занонҳои жӯлидамӯ, пойлуч, сарпо хоколуд, рӯй ва гарданҳояшон халҷолхӯрдаро шинохт – онҳо духтараш Гулизор ва хоҳараш Фотима буданд. – Ота, а, а!.. Ота, а, а!..- рӯканону мӯканон дод мезад Гулизор. Вай модари мусибатзадаи аз по афтода ва ҳар рӯз чандин бор аз ҳуш равандаашро ба парастории янгааш – зани Қосим гузошта, ҳамроҳи аммааш пои пиёда ба Балҷувон омада буд, ки падари гирифторашро бинад ва бо ӯ видоъ кунад... Восеъ қадам нигоҳ дошт. – Духтарҷонам!.. Хоҳарҷонам! – аз ҷигар фарёд кашид ӯ. – Алвидоъ! Ба модарат бигӯ, Гулизор, ба додараконат бигӯ, падари шумо ба золимон сар хам накард, ҷангид, шаҳид шуд!..».

Ҳамин тавр, қаҳрамони халқи тоҷик – Восеи ватандӯст бо фармони ҳокимони манғит ба дор овехта, ба қатл расонида мешавад. Корнамоиву шуҷоати ватандӯстонаи ӯ дар хотираҳо ва дар таърихи халқи тоҷик ҷовидон аст.

Шерзод КОМИЛӢ,

омӯзгори мактаби №24

ба номи Чӯлибой Комилов,                                                                    

шаҳри Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш