Нашрияи Омӯзгор

Ватансаро

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 939        Шарҳ: 0

 

Дар ашъори  устод Мирзо Турсунзода ваҳдату ҳамбастагии халқу Ватан бо каломи пуртаъсиру ҷаззоб васф мешавад. Падидаи ватанпарастӣ, андешаи ягонагии ёру диёр ва садоқат  ба сарзамини  ҳамешасабзи   тоҷикон, махсусан, дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ашъори ӯ равшан эҳсос мегардад. Дар ин давра шоир дар шеъру достонҳои ватанпарастонааш образҳои фарзандони далеру бошарафи Ватанро офарида, дар симои онҳо  ба ҷилва омадани ваҳдату ягонагии  халқу Ватанро ба қалам медиҳад.

Яке аз шеърҳои нахустини устод Турсунзода дар марҳилаи мазкур  “Хайр, модари азиз” ном дорад, ки рӯҳияи ҷанговарон ва ҳисси ватандӯстии онҳоро ба шакли муроҷиат ба модар ва  ваъда ба модар ва ватан тавсиф мекунад:

Модарам, меравам аз пеши ту ман

Ба дифои шарафу шаъни Ватан.

Мепарам рӯ ба ҷанубу ба шимол,

То ки орам ба сари хасм завол.

Сангаму оҳанаму пӯлодам,

Сипари мамлакати озодам.

Дар достони “Ҷони ширин” ки шоир онро ҳамсараш бахшидааст, тасвири зан хеле барҷаста мебошад:

Дар диёри мо шуд одам арҷманд,

Шуд сари хамгаштаи занҳо баланд.

Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд,

Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд.

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Устод Турсунзода ҳамеша бо халқи азизаш буд ва бо қироати ашъори дилнишин ҳамагонро ба хайрхоҳиву адолатпарварӣ даъват менамуд. Дар ашъори шоир мавзӯи сулҳ ба тарзи нав, вобаста ба ниёзҳои  ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ ба миён гузошта шудааст. Дар достони “Садои Осиё” садои қалби ҳазорон мардуми озодихоҳу  сулҳпарвари  кишварҳои Шарқ ифода гардидааст:

Осиё гӯяд сухан,

Овози онро бишнавед.

Мавҷи  дарё, ғурриши баҳри дамонро

бишнавед.

Осиё бедор шуд, бедор,

Тарки хоб кард,

Ростиву дӯстиро оқибат дарёб кард.

Мирзо Турсунзода дар зеботарин мамлакатҳои дунё меҳмон шудааст, вале дар ҳама ҷо бӯйи накҳати Ватан ба машомаш мерасид, ёди оғӯши гарми Ватан мекард. Муҳаббати Ватан дар сафар ӯро бештар ошиқи хоку марзи ватанаш месохт.

Ҷавонону наврасони мо имрӯз ҳам аз ашъори Устод Турсунзода дарси хештаншиносӣ ва ватандорӣ меомӯзанд. Дар шеъри “Ватан” шоир  менависад, ки ҳарчанд “нисфи умрам дар сафар бигзашт”, аммо ҳамеша бо Ватан будам.

Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам

ҳавои ту,

Ман аз он сӯйи уқёнус бишнидам садои ту.

Агарчи дар миён  тӯфону мавҷи баҳрҳо

буданд,

Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.

Ба гуфти адабиётшинос Атахон Сайфуллоев, “устод Мирзо Турсунзода ба маънои томи сухан Шоири халқии Тоҷикистон аст”. Мардуми Ватани мо дӯстдор, шефта ва ошиқи ашъори ӯ буданд ва мемонанд. Дар байни халқ  ҳам лирикаи иҷтимоӣ, сиёсӣ ҳамчунин, лирикаи  ишқию ахлоқии  шоир хеле машҳур гардидааст. Ашъори Мирзо Турсунзода ойнаи ҳақгӯйи орзуву омол, рӯҳи миллӣ, феълу атвор ва тафаккури бадеии  халқи тоҷик  мебошад. Дунёи ботинӣ, олами маънавӣ, ахлоқу одоб, фикру андеша, таппиши дил, ҳаяҷону изтироб ва хусусиятҳои миллии тоҷиконро Мирзо Турсунзода дар шакли олии бадеӣ, забони шевову равон, ширину ҷаззоб, образҳои рангоранг, санъати нафис ифода мекунад. Устод Турсунзода хеле равшанбаён буд ва дар ин ҷода худро пайрави сабки эҷодии Низомӣ ва Ҷомӣ мешуморид.

Мирзо Турсунзода, дар ҳақиқат, вориси арзанда ва ганҷинаи  бузурги назми  ҳазорсолаи халқи тоҷик ва ифтихори адабиёти тоҷик мебошад. Ӯ бо шеъри равону дилгудозаш дар дили мардум ҷовидона қарор гирифтааст.

Маҳбуба Ибрагимова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш