Нашрияи Омӯзгор

Ошён гар мегузорӣ...

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Дар китобхонаи марказии қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб маҳфили адабӣ дар мавзӯи «Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор!» бахшида ба 110-солагии шоири зиндаёд Мирзо Турсунзода баргузор гашт. Дар ҳамоиш олимону адибон, меҳмонон, устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва аъзои доимии китобхонаҳои шаҳр ширкат доштанд. Дар оғоз муовини раиси шаҳр Ҳамидиён Орзу оид ба ҳаёту фаъолияти Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, устод Мирзо Турсунзода сухан ронд. Сипас, донишҷӯёну толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳр порчаҳоро аз шеъру достонҳои шоири ширинкалому ватанпарвар қироат намуданд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш