Нашрияи Омӯзгор

Таҷрибаи лоиқи омӯзиш

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Мунира Нозимова баъди хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ соли 1997 фаъолияти худро ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар мактаби №48-и пойтахт оғоз намуд.

Пас аз чанд соли фаъолият ӯро барои иштирок дар озмуни «Муаллими сол» ҳидоят намуданд. Мунира дар ин озмун бомуваффақият ширкат варзид.  Акнун бори масъулияти омӯзгори ҷавон дучанд гардид. Аз ин лиҳоз, дарсҳояш бо истифода аз васоити техникӣ ва роҳу усулҳои нав пурмазмуну самараноктар гардиданд. Таҷрибаҳои  андӯхтааш ба ӯ неру мебахшид, дарси имрӯзааш аз дирӯза фарқ мекард. Ӯ тавонист бо мақсади худ, ки дар ниҳоди хонандагон парваришу бедор  намудани ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ маҳсуб меёбад, ноил шавад. Айни ҳол шогирдонаш дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар таҳсилро  давом дода истодаанд.

Мунира баъдтар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 ба ҳайси  омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ба фаъолияти худ идома дода, шурӯъ аз соли 2013 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и шаҳри Душанбе ба кор гузашт ва то имрӯз ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар мактаби мазкур фаъолият намуда истодааст.

Дар баробари таълиму тарбияи хонандагони синфҳои ибтидоӣ, ӯ роҳбари иттиҳодияи методии синфҳои ибтидоиро дар мактаби номбурда ба зимма дорад.

Муаллима аз методу усулҳои судманди таълимӣ, аз ҷумла, муносибати босалоҳият дар раванди дарс истифода намуда, ба ин васила, машғулиятҳои худро дар сатҳи баланд мегузаронад. Вай кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ҷараёни дарс фазои холӣ вуҷуд надошта бошад, яъне ҳар як хонанда ба иҷрои супорише вобаста ба мавзӯъ машғул гардад. Аз ин лиҳоз, Мунира Нозимова пайваста баҳри такомули савияи дониш ва маҳорату малакаи хеш заҳмати зиёдеро ба харҷ медиҳад. Мо ҷиҳати тарғибу ташвиқи маҳорати педагогии муаллима тайи солҳои  2017-2020 чандин маротиба дар дарсҳои мавсуф ширкат варзидаем. Муаллима дар раванди дарс методу усулҳоеро истифода мебарад, ки ба омӯзгор имкон медиҳанд, ки маълумотро оид ба рафти омӯзиши хонандагон ҷамъ оварда, онро арзёбиву таҳлил кунад.

Инчунин, бо истифодаи метод ва усулҳои омӯзиш, омӯзгор таълимро бо ниёзҳои  инфиродӣ, мураккаб ва мушаххаси хонандагон мувофиқ сохта, раванди фаъолияти мустақилонаи онҳоро назорат мекунад. Ҳангоми иҷрои кори гурӯҳӣ муаллима  на танҳо оид ба тарзу мушкилоти омӯзишӣ ва  норасоиҳо дар тарзи таълим, балки дар хусуси равандҳои омӯзиши хонандагон низ маълумоти заруриро ҷамъ меорад. Таври мисол, дар рафти кори гурӯҳӣ муаллима сатҳи иштироки ҳар як хонанда дар иҷрои супориш, саҳми ҳар як узви гурӯҳро дар кори гурӯҳӣ, сабаби ширкати сусти ягон хонандаро муайян менамояд ва дар ҷараёни дарс ба фаъолтар шудани онҳо мусоидат менамояд. Дар таҳияи нақшаи дарс муаллима, пеш аз ҳама, салоҳиятҳои самтҳои таълимро дуруст ба нақша мегирад, мақсадҳои дарсро мувофиқ ба ниёзи фардии ҳар як хонанда таҳия мекунад.

Мунира Нозимова дар баробари фаъолияти судманди омӯзгорӣ, ҳамчунин, иштирокчии фаъоли семинару конфронсҳои сатҳи шаҳрию ҷумҳурӣ буда, дар ин ҳамоишҳои илмӣ масоили мубрами таълимиро маврили баррасию таҳлил қарор медиҳад.

Бедил Розиқов,

омӯзгори калони кафедраи

психология, педагогика ва

методикаи таълими ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш